Наздики 1900000 сомонӣ. Қарзи идораҳои беҳдошт аз ҳаққи истифодаи барқ

Қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҳақи истифодаи барқ аллакай 18 миллиону 847 ҳазор сомонӣ шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш бо қарори вижаи ҳукумати кишвар 47 миллион сомонӣ қарзи мавриди назар пардохт гардида буд.

Раҷабалӣ Бояков, сармуҳандиси филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар минтақаи Бохтар имрӯз, 6 феврали соли равон, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки қарзи Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ соли гузашта пурра бардошт шуда буд. Ӯ афзуд, ки танҳо дар як сол қарзи идораҳои мавриди назар аз ҳақи истифодаи барқ ба 18 миллиону 847 ҳазор сомонӣ расид.

«Соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 миллион сомонӣ қарзи идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ пардохт шуд. Аз январ то декабри соли 2023 қарздорӣ боз ба 18 миллиону 847 ҳазор сомонӣ расид».
Раҷабалӣ Бояков мегӯяд, ҳоло дар пойгоҳҳои обкашӣ насби ҳисобкунакҳои барқӣ рафта истодааст. Баъди ин шафофият ва ҳисобукитоб ба таври электоронӣ мешавад,-таъкид кард вай. Ӯ илова кард, ки барои амалишавии ин кор аллакай панҷ миллион сомонӣ ҷудо шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *