Наздики 40 ҳазор тонна. Ҷамъоварии пахта муташакилона идома дорад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи чиниши пахта бо маром идома дорад. То 23 сентябри соли ҷорӣ аз заминҳои кишти пумбадона, 39 ҳазору 110 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳосилнокӣ ба сари ҳар як гектар ба андозаи 23,9 сентнерӣ рост меояд. Хоҷагидорони пахтакори вилояти Хатлон талош доранд аз рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода карда, то кӯракӣ охирин ин дурри гаронбаҳои саноатиро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки қабули пахтаи хом дар хоҷагиҳои деҳқонӣ барои як кило бо нархи аз 6,50 сомонӣ то 7,20 сомонӣ ба роҳ монда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ