Наздикон марги Шералӣ Мустафоқуловро рад карданд

Пайвандони журналисти шинохтаи тоҷик Шералӣ Мустафоқулов хабари даргузашти ӯро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, рад карданд.

“Шералӣ Мустафоқулов бемор ҳастанд, вале шукри худованд, дар сари оила ва фарзандон зинда ҳастанд”,- гуфт яке аз пайвандони журналист.
Шералӣ Мустафоқулов журналисти дар солҳои 90-ум машҳури тоҷик, яке аз аввалин журналистони тоҷик аст, ки дар соли 1993 ба қароргоҳи гурезагон ба Афғонистон рафт ва аз рӯзгори онҳо гузоришҳо таҳия кард. Ӯ дар баргардонидани гурезагон ва пайдо кардани гумгаштаҳо нақши бориз дорад.

Солҳои 1992-1993 бори нахуст Шералӣ Мустафоқулов ба Афғонистон ба қароргоҳи гурезагони тоҷик рафта, аз рӯзгори онҳо гузоришҳо таҳия мекунад ва онро тариқи барномаи “Во ғарибӣ…” пахш менамояд. Маҳз барномаи “Во ғарибӣ…“ сабаб шуд, ки даҳҳо гумгашта якдигарро пайдо кунанд.

Шералӣ Мустафоқулов узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи “Медали хизмати шоиста” ва чандин ҷоизаҳои дигари давлатӣ аст. Коршиносон мегӯянд, ки Шералӣ Мустафоқулов дар рушди ВАО, бахусус телевизион ва радио саҳми боризи хешро гузошта, дар ин соҳа шогирдони зиёдро тарбия намудааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи очерку филмҳои зиёдест, ки мазмуну моҳияти ватандӯстона доранд.

Шералӣ Мустафоқулов чандест, ки бемор аст. Мо ба ҳамкасби хеш саломатӣ ва умри дароз хоҳонем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *