Назокат Ашӯрова: Хушбахтиро дар кори хайр мебинам

Ин навбат бо Назокат Ашӯров, блогере, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби саховатмандиву дастгирии қишри ниёзманди ҷомеаро мекунад, суҳбат доштем. Ӯ ба мо доир ба махсусияти кори блогерӣ ва муҳимияту эҳсоси кори хайр қисса кард, ки тафсилоташ пешкаши хонандагон мегардад.

— Шумо чӣ гуна дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шудед?

— Соли 2018 саҳифаи худро дар Инстаграму Фейсбук фаъол кардам, аммо танҳо барои тамошои наворҳои гуногун, на блогерӣ. Дар ин миён ба чанде аз дӯстонам пул қарз додам, аммо онҳо дар фикри баргардонидани қарз набуданд. Рӯзе бо Рустам Азимов филме ба навор гирифтем ва пас аз он, аз ӯ хоҳиш кардам, ки дар бобати қарздорон сухане мегӯям ва ӯ сабт кунад. Суханони маро Рустам ба навор гирифт ва дар шабакаҳо гузошт. Субҳи барвақт даҳҳо нафар занг заданд, ки маро дидаанд ва ҳатто блогерон барои ҳамкорӣ даъват карданд. Ҳамин тавр, роҳи ман ба блогинг боз шуд.

— Кори блогерӣ душвор нест?

— Ягон душвориро эҳсос намекунам, зеро ҳар коре мекунам, аз таҳти дил анҷом медиҳам. Аммо вақте ки баъзан дар шарҳҳои наворҳоям суханҳои нохуб менависанд, дилозурда мегардам.

— Феълан вазифаи асосии блогер чист ва оё дар Тоҷикистон блогинг рушд кардааст?

— Хоҳ-нохоҳ ҳоло насли наврас ба блогерон таваҷҷуҳ доранд ва зиёд шудани таваҷҷуҳ масъулияти блогеронро бештар мекунад. Вазифаи блогер тарғиби ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ ва корҳои нек аст. Фикр мекунам, маҳз бо таҳияву пешниҳоди наворҳои тарбиявӣ ба наврасону ҷавонон намуна шуда метавонем ва онҳоро ба роҳи рост талқин мекунем. Шукр, блогинг дар кишвари мо рӯз аз рӯз бештару беҳтар рушд карда истодааст ва ман бо бисёре аз блогерон дӯсту ҳамкор ҳастам.

— Оё ҳастанд блогероне, ки шумо бо онҳо ҳамкорӣ накунед?

— Бале, ҳастанд, аммо номашонро намегирам. Онҳо ба ном блогеранд ва шаъну шарафи тоҷикро паст мекунанд, мақсадашон танҳо тамошобин пайдо кардан асту халос.

Шумо зиёда аз 25 ҳазор обуначӣ доред, ин миқдорро чӣ гуна ҷамъ кардед?

— Ҳоло дар Фейсбук 22 ҳазор, дар Тик-Ток 24 ҳазор ва дар Инстаграм 25 ҳазор обуначӣ дорам. Ба қавле ҳамаи ин обуначиён “зинда” ҳастанд ва худашон бо хоҳиши худашон обуна шудаанд. Ман бо обуначиёнам муносибати бисёр хубу самимӣ дорам, қисме аз онҳо ба корҳои хайриявӣ ҳамроҳ мешаванд.

— Мазмунан саҳифаи шумо ба тарғиби корҳои хайриявӣ нигаронида шудааст. Идеяи таъсиси чунин блог чӣ гуна пайдо шуд?

— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки мардум ба дастнигарону муҳтоҷон дасти кумак дароз кунанд. Аз суханрониҳову ғамхориҳои Сарвари давлат дарс гирифта, ман ҳам тӯли зиёда аз 8 сол мешавад, ки ба корҳои хайриявӣ машғулам. Дар аввал корҳои хайриявиамро ба навор намегирифтам, балки орому хомӯш вазифаамро иҷро мекардам. Баъдан, аз расонаҳои гуногун дар бораи кори ман барномаву сужа карданд ва ҳамчунин маслиҳат доданд, ки беҳтар мешавад корҳои хайриявиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб кунам, зеро бо ин роҳ метавонам кори хайрро тарғиб кунам ва ҳамчунин сафи волонтёронро зиёд кунам. Ҳамин тавр, ба қавле ман блогер шудам ва аз корҳои кардаамон ба аудитория маълумот медиҳам.

Шумо дар хонаи пиронсолон ва хонаи ятимон барномаҳои фарҳангӣ ташкил мекунед ва онҳоро зиёфат медиҳед. Чӣ гуна ин корро мекунед ва чӣ хел пул ҷамъ меоваред?

— Дуруст гуфтед, мо ҳашт волонтёр ҳастем ва ба хонаи пиронсолон ва ятимон рафта, каме ҳам бошад, онҳоро бо хӯрокворӣ таъмин намуда, барояшон барномаҳои фарҳангӣ ташкил мекунем ва нигоҳубини сару либосу мӯйи сарашонро ҳам ба инобат мегирем. Яъне, мӯйи сарашонро ҳам ба тартиб меорем. Шахсан, ман хушбахтиро маҳз дар чунин корҳо мебинам ва то вақте хушбахт ҳастам, ки кори хайр мекунам. Дар масъалаи молиявӣ бошад, вақте хайрхоҳон мефаҳманд, ки мо фалон ҷо меравем, худашон ташаббус карда, хайр мекунанд. Ҳамчунин, бештари вақт шавҳарам кумак мекунанд, зеро медонанд, ки ман ин корро дӯст медорам. 

Бо муассисаҳои нигоҳдории пиронсолон, маъюбон ва ятимон чӣ гуна ҳамкориро ба роҳ мондаед?

— Ман бо ҳама роҳбарони муассисаҳои болозикр ҳамкории зич дорам. Онҳо хуб медонанд, ки ягона мақсади мо дили бошандагони муассисаҳои мазкурро шод кардан аст. Ҳамчунин, бо мактуб ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, ҷавоби мусбат гирифта будам.

Вақте ки ба он муассисаҳо меравед ва дили садҳо касро шод мекунед, бигӯед, ки ҳамон лаҳзаҳо худатонро чӣ гуна эҳсос мекунед?

— Он лаҳзаҳо албатта, гиря маро гулӯгир мекунад. Вақте ки аз даводавҳои шаҳр дилгир мешавам, ба хонаи пиронсолон ё ятимон меравам ва бо шод кардани онҳо худам даҳчанд шод мегардам. Ман онҳоро дӯст медорам, онҳо маро дӯст медоранд.

Наворҳои шуморо хеле зиёд тамошо мекунанд ва таҳсин мегӯянд. Оё шудааст ҳолате, ки обуначиёнатон ба шумо барои кӯмак кардан муроҷиат карда бошанд?

— Дуруст аст, ки бархе наворҳои маро ҳатто миллион бор ҳам тамошо кардаанд. Албатта, ба ман бисёр муроҷиат мекунанд ва то қадри имкон ба онҳо кумак мекунам.

Ятимону маъюбон ва бекасон албатта дарду доғи зиёд доранд, аммо шумо каме ҳам бошад, малҳам мешавед ва табъашонро шод мекунед. Бигӯед, ки онҳо ба шумо дар ҳамон лаҳзаҳо чӣ мегӯянд ва чӣ хел миннатдорӣ мекунанд?

— Онҳо дарду доғи зиёд доранд ва ба ин хотир, ман ҳеҷ гоҳ аз гузаштаашон намепурсам, балки бо эшон ҳар гуна бозиҳо мекунам, хӯрок мехӯрам. Кӯшиш мекунам, ки як лаҳза ҳам бошад, шод бошанд ва худро одами даркорӣ ва муҳими ҷомеа ҳис кунанд. Миннатдории онҳо бисёр самимӣ ва аз таҳти дил аст.

— Имсол Ассотсиатсияи блогерон номинатсияи “Блогери хайру эҳсон” надорад ва ба чунин блогерон ҷоиза намедиҳад. Чун шумо дар ин соҳа фаъол ҳастед, ғамгин нашудед?

— Ман ғамгин нестам, зеро барои ман ҷоиза муҳим нест. Мақсадам дар дили мардум ҷой ёфтану ба мардум кумак намудан аст.

Шумо бо чанде аз блогерони дигар ба таҳияи наворҳои ҳаҷвӣ низ машғулед. Бигӯед, ки чӣ гуна бо блогерон ҳамкориро оғоз кардед?

— Дар аввал дар саҳнаҳои тарбиявӣ нақшҳои ғамангезро иҷро мекардам. Ҳамин тавр, ҳоло ба саҳнаҳои ҳаҷвӣ даъват мешавам ва фикр мекунам мардум хуш қабул мекунанд.

Барои чӣ тасмим гирифтед, ки бояд наворҳои ҳаҷвӣ низ омода кунед?

— Мақсад аз иштирок дар чунин наворҳо табъи мардумро хуш кардан аст.

Шумо худатон пайхас кардаед, ки актрисаи бисёр хуб ҳастед, аммо дар асл чӣ касб доред?

— Ба ман бисёр мегӯянд, ки аз иҷрои нақшҳо ба хубӣ мебароям. Аммо дар асл ман ороишгар ҳастам ва ба ҳусни зебои занони тоҷик каме ҳам бошад, зебоӣ зам мекунам.

— Ташаккур барои суҳбат.

— Ба шумо ва ҳафтаномаи шумо ҳам барои даъват ташаккур. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *