Назруллоҳи Назар: Арабҳо бузурганд, вале мо ҳам кам нестем!
Назруллоҳи Назар — дипломат, нахустин сафири Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ва шоиру тарҷумони шинохта 75-сола шуд. Ба ин муносибат бо эшон суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
Парокандабаргҳо
— Таваҷҷуҳи шумо ба забони арабӣ аз куҷо оғоз шуд?
— Вақте дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсил мекардам, забон ва адабиёти форсиро хуб омӯхтам, ба хати ниёгон низ таваҷҷуҳ доштам. Бинобар ин, қарор буд, ки ба факултаи филология дохил шавам. Вале устодон ба ман тавсия доданд, ки таҳсиламро дар факултаи шарқшиносӣ идома бидиҳам. “Ту забону адабиёти худамонро хуб медонӣ, беҳтар аст, ки арабӣ омӯзӣ”,- гуфтанд ба ман. Ҳамин тавр ҳам шуд.
— Он замон факултаи шарқшиносӣ бисёр машҳур ва дохил шудан ба он душвор буд…
— Дар оғоз инро намедонистам. Ман ки омӯзишгоҳро бо дипломи сурх хатм карда будам, имтиёз доштам. Бинобар ин, як имтиҳонро бо баҳои аъло супорида, донишҷӯ шудам. Баъдан фаҳмидам, ки барои як ҷой то 20 нафар талош мекардаанд. Барои мисол, соли дохил шудани мо аз 250 довталаб ҳамагӣ 12 нафар донишҷӯ шудем.
— Мегӯянд, ки шумо аз даврони донишҷӯйӣ бо забони арабӣ шеър менавиштед.
— Бале, зеро ман ин забонро хеле зуд омӯхтам. Чунки қариб 60 фоизи вожагони адабиёти классикӣ ва 50 фоизи калимаҳои забони имрӯзаи мо решаи арабӣ доранд. Бинобар ин, омӯхтани ин забон барои банда душвор набуд. Замони донишҷӯйӣ бо забони модарӣ шеър менавиштам. Вақте арабиро омӯхтам, кӯшиш кардам, ки ба ин забон машқи шеър кунам. Як шеър навишта, ба “Анба Моску” — “The Moscow News” — нашрияи арабизабони Москва фиристодам, ки чоп шуд. Дар муҳити донишҷӯёни Душанбеи он давра машҳур шудам гӯям ҳам, хато намешавад. Як шеъри арабии маро донишҷӯёни факултаҳои шарқшиносиву филология ба оҳанги хонум Фирӯз ном сарояндаи яманӣ ҷӯр карда, ҳамчун гимн месароиданд. Ҳатто Зафар Нозим онро хонда будааст. Писари Маҳмадулло Холов — Нурмуҳаммад, ки солҳои охир сафири Русия дар Қатар буд, ҳамон солҳо дар Ямани Ҷанубӣ тарҷумон шуда кор мекард. Гуфт, ки дар он кишвар дар кадом як чорабинӣ ҳамин сурудро хонда, ҷоиза ҳам гирифта будааст…
Ҳамин тавр, банда бо забони арабӣ шеъргӯйиро идома додам. Соли 2017 дар Қоҳира мунтахаби ашъори ман таҳти унвони “Парокандабаргҳо” ба нашр расид.
Шеъри тоҷик бо забони арабӣ
— Шумо бештар осори шоирони тоҷикро тарҷума ва дар ҷаҳони араб муаррифӣ кардаед.
— Ин ҳам аз замони донишҷӯйӣ оғоз шуд. Аввал “Ҳамин кофист” ва “Модар” ном шеърҳои устод Мирзо Турсунзодаро тарҷума кардам. Баъдан, шеърҳои Муъмин Қаноат, шоирони маъруфи ӯзбеку туркман ва русу белорусро низ тарҷума карда, ба маҷаллаи занон ва маҷаллаи Итиҳоди Шӯравӣ, ки дар Миср чоп мешуд, мефиристодам. “Мавҷҳои бародарӣ”-ро “Ал Иттиҳоди Шӯравӣ” дар Қоҳира бо акси муаллиф чоп кард ва бахши арабии радиои Москва онро инсенеровка кард. Инҳо ба банда такони ҷиддӣ шуданд. Ҳамин тавр, тарҷумаро идома додам ва ашъори Гулназар, Гулрухсор, Фарзона ва дигар шоирони тоҷикро ба рӯзномаву маҷллаҳои Яман, Ироқ, Сурия, Тунис ва ғайра фиристодам, ки чоп мешуданд. Ҳатто маҷаллаи адабии Ямани ҷанубӣ як шумораашро “Баёзи шеъри муосири тоҷикӣ” унвон дод ва ашъори шоирони моро аз устод Турсунзода то Раҳмат Назрӣ дар тарҷумаи банда нашр кард. Дар рӯзномаи “Ал Қабас” — оташпора, ки дар Қувайт нашр мешавад, шеъри 6 шоираи тоҷикро “6 барги гул” гуфта фиристодам. Аз идораи рӯзнома телефон карда гуфтанд, ки ба хонандаҳо шеъри Фарзона писанд омадааст, боз фиристед. 2 шеъри дигар фиристодам.
— Арабҳо шеъри тоҷикро дар тарҷумаи шумо чӣ гуна пазируфтанд?
— Арабҳо шеъри тоҷикро хуш доранд. Вақте шеъри “Тоҷикистон”-и Бозор Собирро тарҷума кардам, онро ба яке аз бузургтарин шоирони яманӣ Низор Қаббонӣ фиристодам. Як нома ҳам навиштам, ки агар ишколе дар шеър бошад, қалам занад. Шахсе, ки номаро бурд, ба ман гуфт, ки Қаббонӣ вақте шеърро мехонад, мегӯяд, ягон доғ надорад ва ба сармуҳаррири нашрияи “Ат Тавра” — инқилоб занг зада, мегӯяд, ки беҳтарин шеър дар васфи Ватанро хондам. Дар ин шеър дӯстат медорам ва ғайра нест, вале ишқ ба Ватан ба воситаи образҳо баён шудааст. Ин шеър нашр шуд.
Бо мусоидати Турсунзода
— Дар даврони шӯравӣ бо мақсади сафар ба хориҷа дар факултаи шарқшиносӣ таҳсил мекарданд. Шумо кай бори аввал ба хориҷи кишвар рафтед?
— 60-солагии устод Мирзо Турсунзода буд. Дар маҳфили эшон тарҷумаи “Ҳамин кофист”-ро бо як шеъри арабии худам, ки ба устод бахшида будам, қироат кардам. Устод он ҷо мепурсанд, ки ин ҷавон кист, ки ин қадар хуб арабӣ медонад. Дар бораи ман ба эшон маълумот медиҳанд. Ҳамин тавр, дар курси 5-ум бори нахуст бо мусоидати эшон ба Ироқ рафтам. Ҳамин тавр, роҳи ман ба кишварҳои араб кушода шуд.
— Дар даврони шӯравӣ факултаи шарқшиносӣ кадрҳои боқувват тарбия мекард. Чаро имрӯз чунин кадрҳо тарбия намешаванд?
— Тавре дар боло гуфтем, ба факултаи шарқшиносӣ беҳтаринҳо меомаданд. Устодон хеле хуб буданд. Ҳатто устодони араб доштем, ба монанди устод Наққош. Ҳама ҷавонҳо қавӣ буданд. Факултаи шарқшиносӣ мадрасаи бузург буд. Дар замони шӯравӣ аввал хатмкардаи факултаи шарқшиносии Тоҷикистонро ба кор мегирифтанд, баъд аз Ташканду Москваро…
Арабҳо аз аҷдодони мо қарздоранд
— Шумо аз ҷавонӣ бо ҷаҳони араб робита доред. Сафир ҳам будед. Ҷаҳони арабе, ки дар ҷавонӣ дидед, аз имрӯз чӣ фарқ дорад?
— Фарқ кам аст. Замон фарқ мекунад. Ҷаҳонбинӣ дигар шуд. Ҷаҳонишавӣ ба онҳо ҳам таъсир гузошт. Он вақт мардум зери таъсири сиёсати дохилӣ ва идорашаванда буданд, ҳозир ин тур нест. Ҳоло таъсири бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ эҳсос мешавад.
— Арабҳо чӣ гуна мардум ҳастанд?
— Арабҳо миллати хеле бузурганд. Ифтихори асосиашон ифтихори динӣ аст. “Қуръон” ба забони арабӣ нозил шуд. Ифтихор мекунанд, ки забонашон зарфе шуд, ки ояҳои қуръонӣ дар он ҷой гирифтанд. Паёмбар аз миллати онҳост. Шуури миллии онҳо дар ҳамин асос шакл гирифтааст. Ҳатто забони арабӣ ҷашн дорад, ки СММ онро ҷашн мегирад. Арабҳо ба миллати мо муносибати нек доранд. Бузургони миллати мо, ба монанди Ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ ва ғайраҳр баъди футуҳоти исломӣ бо ин забон эҷод кардаанд. Ба василаи ин забон ҳам худро бузург карданд ва ҳам ба рушди ҷаҳони араб нақш гузоштанд. Арабҳо миннатдоранд.
— Худашон инро эътироф мекунанд?
— Бале. Ин иқрор аз худи Паёмбар (с) аст. “Қавми ин,- мегӯяд Паёмбар (с) ба Салмони Форс ишора карда,- илмро аз ситора канда меорад”. Арабҳо албатта қавми бузург буданд. Шеъри қавӣ доштанд. Ҳар сол озмуни шеър баргузор мекарданд ва шеъре, ки дар озмун ғолиб меомад, дар девори Каъба меовехтанд. 10 сол чунин озмун баргузор шудааст. Мардуми фарҳангдӯсту шеърдӯст ҳастанд. Вале мо ҳам аз онҳо кам нестем. Мо дар баробари арабҳо маданияти баланд ва тамаддуни пешрафта доштем. Форсҳо бо илму маърифаташон ба араб таъсири бузург расонидаанд. Бузургтарин олимони асри миёнаи араб аҳли аҷам буданд. Ман дар ин хусус як китоб навишта истодаам. Воқеан, арабҳо аз аҷдодони мо қарздоранд. Ҳатто грамматикаи забони арабиро Себуяи форс навиштааст. Саҳеҳи Бухорӣ баъди Қуръон дуюмин китоби муътамади динӣ аст.
Панди Ғаззолӣ
— Баъд чӣ шуд, ки мардуме, ки илмро аз сурайё мегирифт, дар ҷойи худаш монду арабҳо ба дараҷаи авҷи тараққиёт расиданд?
— Як шеъри арабии Ғаззолӣ ҳаст, ки агар ту фахр бо гузаштагон кунӣ, ки чунин падарон доштам, чӣ хуб гуфтӣ, вале чӣ бад фарзанде будаӣ. Ифтихор бо гузашта лозим аст, вале он бояд барои оянда моро такон диҳад. Мо ҳанӯз пойбанди ифтихорем.
— Ба истиснои ифтихори динӣ неруи мардуми араб дар чист?
— Арабҳо ҳама як нестанд. Давлатҳои халиҷ бой ҳастанд. Бойгарии онҳо худодод аст, нафт аз зери замин фаввора мезанад. Онро мефурӯшанд. Зиёд арақи ҷабин намерезад. Сарвати мо дар биёбони мо аст, гуфтааст Паёмабар (с). Табиист, ки вақте пул ҳаст, муқтадир мешавед, имкониятҳои рушди илму фарҳанг муҳайё мешавад. Мо дар ҷуғрофиёе ҳастем, ки ин чизҳоро надорем. Мо оби фаровон дорем, вале онро пул карда наметавонем. Об ройгон аз Тоҷикистон ба ҳамсояҳо ҷорӣ мешавад. Зеро дар табиату одобу ахлоқи мо чунин нест, ки обро бубандему фурӯшем.
— Дар ҷаҳони араб ба истиснои аҳли илму сиёсат мардуми одӣ дар бораи Тоҷикистон медоданд?
— Дар замони шӯравӣ кам медонистанд, вале ҳоло медонанд. Вале мо кистем? Чӣ дорем? Барои тарғиби ин кор кардан лозим. Барои аҳли илму адабу ҳунар китоби Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп шуд. Вале барои он ки сармоягузорон ва аз ҳама муҳим, сайёҳон ватани моро шиносанд, тарғиби бештар лозим аст.
— Чӣ чизи Тоҷикистон диққати сайёҳи арабро ҷалб карда метавонад?
— Арабҳо сайёҳиро дӯст медоранд. Бештар ба Ғарб, ба Швейтсария мераванд. Ҳол он ки, Тоҷикистон аз Швейтсария кам нест. Табиати зебо ва обҳои мусаффо, маконҳои таърихиву фарҳангии диданӣ дорад. Бояд тарғиб кард ва имкон фароҳам овард, ки ҷаҳонгарди араб кишвари моро интихоб кунад. Бартарии мо он аст, ки мову арабҳо мусалмонем ва онҳо бо хаёли роҳат ба ин ҷо меоянд. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ барномаҳои мушаххас рӯйи даст дорад, Кумитаи махсуси рушди сайёҳӣ дорем, зеро ояндаи Тоҷикистон ояндаи сайёҳӣ аст.
Се дастоварди муҳим
— Шумо солҳост, ки бо забони арабӣ кор мекунед. Фикр дар зеҳни шумо ба арабӣ пайдо мешавад ё тоҷикӣ?
— Вобаста ба он ки машғули чӣ корам. Кори эҷодӣ бошад, арабӣ, вале дар ҳаёти рӯзмарра забони модарӣ.
— Баъди хизмати дипломатӣ, ҳозир машғули чӣ кор ҳастед?
— Машғули корҳои эҷодӣ.
— Ҳамчун як эҷодкор муҳимтарин дастовардатон чӣ буд?
— Тарҷумаи шеъри тоҷик. Дар ин соҳа то чӣ ҳад муваффақ шудам, дигарон бояд баҳо диҳанд, вале банда то имрӯз фақат назари нек шунидаам. Чанде қабл ба Душанбе гурӯҳе омадааст. Аз Қувайт. Онҳо ҳам табиатан шоиранд. Як нафар маро гуфт, ки онҳо туро суроғ карданд. Саҳар ба меҳмонхонаи “Тоҷикистон” рафтам. Чанд нафар нишаста буданд, гуфтам ман Нарзуллоҳи Назар. Як нафар хеста маро бо шеъри “Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун”-и Мирзо Турсунзода пешвоз гирифт, ки чанд сол қабл ба арабӣ тарҷума карда будам. Ё як духтарчаи яманиро ба ман шинос карданд, ки шеъри “Ман калон мешавам”-и Мирсаид Миршакарро аз ёд кардааст.
— Муҳимтарин дастоварди дипломатиатон чист?
— Ман қабл аз кор дар Вазорати корҳои хориҷӣ дипломати мардумӣ будам. Дар Кумитаи дӯстии Осиёву Африқо, ҷамъияти “Дӯстӣ” ва дигар ташкилоти ҷамъиятӣ фаъол будам. Корҳои зиёдеро анҷом додем. Вақте ба Вазорати корҳои хориҷӣ гузаштам, вазифаи ман татбиқи сиёсати хориҷии давлат дар кишварҳои араб буд. Ман аввалин сафири Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ будам. Сафоратҳои дигар баъд кушода шуданд. Ифтихор мекунам, ки дар аввали роҳ банда дар паҳлуи сарвари кишвар будам ва дар татбиқи сиёсати хориҷии эшон саҳм гузоштам.
— Муҳимтарин дастоварди шумо ҳамчун як инсон чист?
— Фарзандонам. 3 писару 2 духтар дорам. Бо онҳо ифтихор дорам. Яке дипломат, як нафараш корманди гумрук, як нафар иқтисодчӣ, як нафар корманди тиб, дигаре муаллими забони англисӣ.
Мусоҳиб:
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ