Наҷоти 7 нафар аз зери тарма

Дар натиҷаи лағзиши тарма дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ду мошини сабукрав зери қабати барф мондаанд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон пас аз анҷом додани амалиёти наҷотбахшӣ тавонистанд 7 нафарро аз зери барф берун оваранд. Ба иттилои мақомоти масъул, ба осебдидагон кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, онҳо ба минтақаи бехатар интиқол дода шуданд.

Мақомот ба ронандагон тавсия медиҳанд, ки бо дарназардошти хатари лағзиши тарма, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон эҳтиёткор бошанд ва пеш аз сафар аз вазъи роҳҳо огоҳӣ гиранд.…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image