НБО–и «Тоҷикистон» афсонае, ки ба ҳақиқат табдил ёфт
Истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ғояи созандаи миллӣ аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон маҳаки нақшаи фаъолияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида буд.
Ҳукумати Тоҷикистон баъди дар кишвари азизамон барқарор гардидани сулҳу субот тасмим гирифт, ки бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, сохтмони неругоҳҳои хурду калони барои ҳаётамон муҳимро оғоз намояд. Даҳсолаҳо пеш ин ғоя дар назари мардум амалинашаванда ва чун афсона ба назар мерасид.
Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон”, ки 13 сентябри соли 2018 дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дар доираи ҳамкории молиявии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон мавриди истифодабарӣ қарор гирифт, афсонае буд, ки ба ҳақиқат табдил ёфт. Он қисми бештари аҳолии ноҳияи баландкӯҳи Мурғобро бо неруи барқи босифат, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва боэътимод таъмин менамояд.
Дар маросими тантанавию расмии ифтитоҳи неругоҳи нав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, пешниҳод карданд, ки ба неругоҳи мазкур, ба ифтихори ҷашни мубораки 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи “Тоҷикистон” гузошта шавад.
Амрихон Раҳимов – директори департаменти тавлиди барқ:
-Масъалаи таъминоти сокинони ноҳияи Мурғоб бо неруи барқ қаблан ҳам яке аз масъалаҳои муҳими хоҷагии халқи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба шумор мерафт. Аммо бо сабабҳои объективию субъективӣ ин мушкилот ҳалли худро пайдо карда наметавонист.
НБО-и мавҷудаи ноҳияи Мурғоб бошад, ҳанӯз соли 1964 бо тавоноии нақшавии 640кВт дар дарёи Оқ-Су бо усули маҷроӣ сохта шуда буд. Аммо бо сабаби камобии дарё ва фарсудашавии таҷҳизот солҳои охир фақат дар тобистон бо тавоноии 300кВт ва зимистон то 140 кВт кор мекард. Барқи истеҳсолкардаи неругоҳ ҳатто барои аз рӯи реҷа таъмин намудани аҳолии маркази ноҳия намерасид.
Ширкати «Помир Энерҷӣ», ки аз соли 2002 дар асоси Шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати мамлакат ҳамчун нахустин шарики давлат бо бахши хусусӣ дар Тоҷикистон шабакаҳои барқии ВМКБ-ро идора мекунад, соли 2015 ба азнавсозии ин НБО-и хурд шурӯъ намуд. Мувофиқи лоиҳаи аввала тавоноии НБО бояд 800кВт-ро ташкил медод. Ба ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон тавассути Бонки рушди Олмон (KfW) маблағи 5 млн. евро ҷудо карда шуд. Вале баъд аз анҷом додани тадқиқоти иловагии топографӣ хулоса бароварда шуд, ки бо ворид намудани баъзе тағйиротҳо иқтидори барқтавлидкунии онро ба 1500 кВт расондан мумкин аст. Ин пешниҳод бо назардошти ниёзмандии зиёд ба қувваи барқ дар ноҳияи Мурғоб ҳам аз тарафи Ширкати “Помир Энерҷӣ” ва ҳам аз тарафи мушовири лоиҳа — Ширкати консалтингии олмонии “Фихтнер” мувофиқи мақсад дониста шуд. Дар маҷмӯъ, бо назардошти пурра азнавсозии иншоотҳои дар натиҷаи селравии тобистони соли 2015 зарардида, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат барои амалисозии лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Олмон 7,4 млн. евро ихтисос дода шуд. Дар баробари ин барои анҷоми корҳои боқимонда, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқолдиҳанда ва тақсимкунандаи барқӣ, васлу насби зеристгоҳҳо ва асбобҳои замонавии барқченкунӣ аз ҷониби Ташкилоти Оғохон оид ба рушд тавассути Ширкати “Помир Энерҷӣ” лоиҳа ба андозаи 2,1 млн. евро иловатан маблағгузорӣ шуд. Бояд таъкид намуд, ки нахустин маротиба дар шароити ВМКБ ҷиҳати фаъолияти бенуқсон ва боэътимоди НБО-и “Тоҷикистон” сарбанди ҳақиқӣ бо баландии 12 метр ва дарозии 64 метр сохта шуд, ки дар болооби он ба андозаи беш аз 2 млн. м3 оби фоиданок ҷамъ мегардад. Толори мошинҳои “Тоҷикистон” дар масоҳати 468 метри мураббаъ ҷойгир буда, он бо истифода аз конструксияи металлӣ ва панелҳои махсус сохта шудааст. Ин масолеҳ қобилияти гарминигоҳдорӣ аз дохил ва қобилияти хунукинигоҳдориро аз берун дошта, дар шароити ноҳияи Мурғоб мувофиқ мебошад.
Дар дохили толори мошинҳо ду адад агрегат васл шудааст, ки ҳар яке иқтидори истеҳсоли 750 кВт неруи барқро доро мебошад. Идоракунии дастгоҳҳо пурра ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Кори таҷҳизоти он тавассути системаи “СКАДА” назорат ва идора карда мешавад.
Гулнора Хушқадамова – директори департаменти шабакаҳои барқӣ:
— Баъд аз ҷудо шудани маблағи зарурӣ баҳори соли 2017 бо қувва ва маблағгузории худи Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар маркази ноҳияи Мурғоб ва деҳоти гирду артофи он сохтмони шабакаҳои нави замонавии интиқол ва тақсимкунанда бо васлу насби зеристгоҳҳои мувофиқ оғоз ёфт.
Ба ин кор 3 бригадаи махсус бо фарогирии қариб 50 нафар муҳандису коргарони варзида ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла бригадаи аввал бо роҳбарии муҳандис Даврон Назаралиев ба бунёди хатҳои баландшиддати 10кВ, бригадаи дувум таҳти сарварии муҳандис Султонназар Қурбоншоев ба сохтмони хати тақсимкунандаи 0,4кВ бо истифода аз кабели замонавии навъи СИП ва бригадаи охирон бо роҳбарии муҳандис Умед Ҳайдаров ба васлу насби зеристгоҳҳои 10/0,4кВ ва инчунин нуқтаҳои барқтақсимкунӣ машғул шуданд.
Боиси хушнудист, ки дар давоми каме бештар аз як сол бригадаҳои номбурда дар масофаи 33 км хатҳои интиқоли барқи 10кВт, дар масофаи 160 км хатҳои тақсимкунандаи барқӣ бо истифода аз кабели махсуси навъи СИП сохта, инчунин 30 адад зеристгоҳҳои 10/0,4кВ ва 4 адад нуқтаҳои барқтақсимкуниро бандубаст ва васлу насб намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки аз ин пас истифодаи самараноку оқилонаи неруи барқ дар ноҳияи Мурғоб таъмин карда шавад.
Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеи баландкӯҳ, баъди Неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳамагӣ 15 кВт дар Непал, аз ҷиҳати мавқеъ дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.
Бо пурра мавриди истифода қарор додани НБО-и “Тоҷикистон”, яке аз неругоҳҳои баландтарин дар ҷаҳон, қариб 7750 нафар аҳолӣ ва инчунин 67 адад муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои давлатию хусусӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва иншоотҳои дигари дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб буда, дар давоми ҳашт моҳ бо қувваи барқи хушсифати 24-соата ва дар чор моҳи мавсими хунук бо барқи хушсифати то 18-соата таъмин карда мешаванд.
Абдулло АМОНБЕКОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ