Неймар «Ал-Ҳилол»-ро тарк мекунад

Бино ба иттилои расонаҳо, футболбози маъруфи бразилиягӣ Неймар Ҷуниор дар мавсими навбатӣ бошгоҳи арабии «Ал-Ҳилол»-ро тарк мекунад.

Вақте ки Неймар аз «ПСЖ» ба «Ал-Ҳилол» гузашт, расонаҳо навиштанд, ки шартномаи миёнашон чорсола аст, вале ҳоло ошкор шуд, ки футболбоз бо дастаи арабӣ танҳо барои як сол шартнома бастааст.

Коршиносон як сабаби тарки бошгоҳи арабӣ кардани Неймарро дар он мебинанд, ки ҳафтаи гузашта футболбоз бо сармураббии даста нофаҳмии калон дошт ва аз роҳбарият хоҳиш карда буд, ки ӯро иваз кунанд.

Маълум гардидааст, ки Неймар ба бошгоҳи «Сантос»-и Бразилия гузашта, барои Чемпионати ҷаҳон — 2026 омодагӣ мебинад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *