Некиро некӣ ҷавоб бошад…
Тирамоҳи соли 1992. Дар ноҳияи Шаҳритус гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҳар қадам қонунҳои нонавиштаи ҷангро амалӣ мекарданд: молу амволи мардум ба яғмо мебурданд, ҷавонону пиронро ҳадафи тири сӯзон қарор дода, ба номуси гуларӯсон таҷовуз мекарданд. Бародар бо бародар душмани ҷонӣ буд…
Дар яке аз чунин рӯзҳои хунин, ки ҳамроҳ бо 25 нафар аз собиқ сарбозони интернатсионалист гурӯҳи муҳофизатӣ таъсис дода, аз сар задани ҳар гуна иғвою дасиса дар ноҳия пешгирӣ мекардем, хабар расид, ки дар дидбонгоҳи назоратии БДА, воқеъ дар даромадгоҳи ноҳияи Шаҳритус, силоҳбадастон ходими амниятиеро гаравгон гирифтаанд. Мо хуб медонистем, ки силоҳбадастони дур аз одоби инсонӣ нисбат ба гаравгонон чӣ амалҳоеро раво мебинанд. Аз ин рӯ, зуд худро ба ин мавзеъ расонидем. Дар ҳалқаи силоҳбадастон ҷавонмардеро дидем, ки рӯйи замин якпаҳлӯ мехобид ва хун беист аз ронаш ҷорӣ буд. Силоҳбадастон, ки аксарро мешинохтам, мили силоҳҳоро сӯямон карда, ҳушдорамон доданд, ки наздик нашавем. Аммо чун аз худ боварӣ доштем, нотарсона онҳоро пароканда карда, он ҷавонмарди захминро якпаҳлу гардонидем, ки бо чашмони пур аз ашк нигоҳи илтиҷоомез сӯямон дошт. Теғи нигоҳи он ҷавонмард дилу ҷигарам реш-реш кард… Чашмонаш мегуфтанд, ки тифлакони зору хорам маро дар хона интизоранд, модари чашмбароҳам дар бистари марг аст… Ӯро аз ҷой бардоштем, аммо силоҳдоре, ки амсоли ходачӯб пешорӯям меистод, бо овози дағал гуфт: “И бузи КГБ-ҳай, мо ӯро мекушем…” Ман, ки он даҳонкалонро хуб мешинохтам, аз гиребонаш гирифта, сахт таконаш додаму бо ғазаб гуфтам:
— Киро мекушӣ, фарзанди падари худатро? Миллатро?
Чун дидам, ки дигар касе ёрои бо мо баҳсу талош карданро надорад, ҷавонмарди маҷрӯҳро савори мошинам карда, роҳ сӯи хона пеш гирифтем, зеро дармонгоҳу беморхонаи ноҳия холӣ аз табибон буд. Ҳамроҳонам худи ҳамон лаҳза табиби ҷарроҳеро пайдо карда оварданд. Захмиро рӯйи кати падарам, ки болои наҳри хурдакаке буд, гузоштем. Аз сабаби рафтани хуни зиёд он ҷавонмард гоҳ беҳуш мешуду гоҳи дигар ба худ меомад. Падарам овози моро шунида, наздамон омад. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зада буд ва танҳо бо ишорат суолам дод, ки чӣ гап аст? Асли воқеаро ба ӯ гуфтам. Падарам зуд дастурхон густурд ва бо хӯроки гарм неру бар тану ҷони он ҷавонмард бахшид.
Баъд аз муоина табиб хушҳолона хулоса кард, ки тир аз байни гӯштҳои пой гузашта, устухонро осеб нарасонидааст.
Дар он лаҳзаҳои ҳассос ҷойи таъхир кардан набуд, зеро ҳар лаҳза авзои минтақа муташанниҷ мегашт ва аз ҳар гӯшаи ноҳия овози тиру туфанг ба гӯш мерасид. То шаб интизор шудем ва бо маслиҳати падар аз ҳамсоядеҳае, ки он ҷо аксар мардуми ӯзбекзабонанд, чанде аз дӯстонамро пайдо карда, ба хулосае омадем, то аз тариқи дарёи Кофарниҳон ӯро гузаронида, бо роҳи кӯҳӣ то ба мавзеи амн расонем. Ҷавонмард баъд аз шунидани ин хабар эҳсоси дарди пойро фаромӯш карда, падарамро ба оғӯш гирифт. Гӯиё падар бо фарзанди захминаш худоҳофизӣ мекарда бошад, то чанд муддат ҳар ду хуб гиристанд…
То саҳар фикру ёдам банди он ҷавонмарди миллат буд, ки саломат ба манзили умед расида бошад, ё… Ҳамроҳ бо милисаҳо назорати постеро ба уҳда доштем, ки ин дам мошинае наздамон истоду аз он низомипӯше берун шуда номи маро гирифт. Худро шиносонидам ва ӯ аз ҷайбаш коғазеро бароварда, ба дастам дод, ки он ҷо навишта шуда буд: “Бародари қиёматӣ, раҳмат ба Шумо ва ба қиблагоҳатон, ман сиҳату саломат дар назди фарзандонам қарор дорам, иншоаллоҳ ин некии Шуморо фаромуш нахоҳам кард. Бо эҳтиром, Абдусамад”.
Бо ҳукми тақдир чанд муддат паноҳанда дар дигар кишвар шудам… Танҳо баъд аз ба имзорасии созишномаи сулҳ ба Ватан баргаштам. Дар ноҳия имкони пешбурди зиндагӣ набуд, бинобар ин ҳам водор шудам то ба пойтахт оям. Хонаеро иҷора гирифтаму зану фарзандонамро ҳам овардам. Ҳамагӣ як моҳ зиндагӣ карда будам, ки соҳибхона дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон моро аз хона ронд. Кулвор дар пушт ҳамроҳ бо зану фарзандакони аз сардӣ хунукхӯрдаам қадамзанон дар роҳрав музтару ҳайрон будем, ки аз куҷо барои худ сарпаноҳе ёбем. Аз маҳаллаи 82-и пойтахт мегузаштем, ки ин дам мошини хориҷии сиёҳшишае наздамон қарор гирифт ва аз он ҷавонмарди низомипӯши қоматбаланде берун гашт. Ӯро бо як дидан зуд шинохтам: Абдусамад…
Ӯ ману фарзандонамро ба оғӯш гирифта, аз сару рухсораҳоямон мебӯсиду ашк мерехт… Ҳамсарам низ ӯро зуд шинохт. Аз фавти қиблагоҳам огаҳ шуда, хеле маъюс шуд… Аз аҳволамон пурсид, асли воқеаро барояш қисса кардем. Ноҳинҷор шуду бо ким-киҳое тамос гирифт ва моро савори мошинаш карда, то маҳаллаи 1 -уми Советии шаҳр бурд ва изҳор кард, ки бо қимати 1250 доллар хонае ёбему зуд бо ӯ дар тамос шавем ва шумораи телефонҳояшро гузошта, худ аз пайи кораш рафт.
Қисмату тақдирро бинед, ки зуд хонаи дуҳуҷрадоре пайдо кардем, ки 1200 долар арзиш дошт. Аз телефони ҳамон соҳибхона бо он бародар дар тамос шудем, баъд аз чанд дақиқа зуд расида омад. Бо соҳибхона атрофи нарху навои хона маслиҳат карда, пулро ба дасташ доду рӯ ҷониби ҳамсарам гардонида, гуфт:
-Ҳамшира, акаам, дар маҷмӯъ хонадонатон маро умри дубора бахшиданд, ин хона ҳаққи ҳалоли шумост, танҳо як дуоям диҳеду зиндагии осуда пеш баред… Ростӣ, ки дар он лаҳзаҳо умеде, ки дар қалбам мурда буд, дигарбора зинда гашт…
Муҳиддин Идиев,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ