Некрӯз Ниёзов бар асари бархӯрди мошине ба мошинаш даргузашт
Некрӯз Ниёзов — яке аз сарояндагони ҷавону боистеъдод аз дунё даргузашт.
Некрӯз дар назди тарабхонаи “Боми ҷаҳон” бар асари бархӯрди мошине ба мошинаш ҷароҳат бардошта, дар бемористон ҷон бохтааст.
Шуҳрат Сайнаков — сарояндаи эстрадаи тоҷик марги ӯро ба расонаҳо тасдиқ карда, гуфтааст, ки ӯ дар беморхона буда, чанде баъд ҷасадашро мебароранд.
Некрӯз дар хонаводаи мусиқачиён ба дунё омада, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро хатм кардааст, вале овозхониро чанд сол пеш оғоз намуда буд.
Соли 2018 намоҳанги аввалини Некрӯз таҳти унвони «Оҳиста-оҳиста» нашр шуд ва аввалин дуэташро бо Меҳрнигори Рустам бо номи “Рақс бикун” сурудааст.
Некрӯз дар Душанбе студияи худро дошт ва барои ситораҳои эстрадаи тоҷик, чун Нигина Амонқулова ва Шабнами Сурайё оранжировка ё танзими суруд анҷом медод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ