«Нелегал-2017» шурӯъ шуд
Рӯзи 25-уми сентябр дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД вобаста ба оғози марҳилаи дуюми «Нелегал-2017» чорабинӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Нуралӣ Сафаров иттилоъ дод, ки фармоиши якҷояи ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани амалиёти муштараки «Нелегал-2017» ба имзо расида, амалиёт бо қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои мазкур гузаронида мешавад.
Барои самарабахш гузаронидани чорабиниҳо, назорати саривақтӣ ва идораи қувваю воситаҳои дар чорабинӣ ҷалбкардашуда, аз ҳисоби мақомотҳои мазкур дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва воҳидҳои поёнии он ситодҳои оперативӣ таъсис дода шудааст.
Дар ин замина, аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ нисбати муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташкилкунандагони он, пурзӯр намудани назорат нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд санҷишҳо гузаронида мешавад.
Чорабинии мазкур аз 25-уми сентябр оғоз гардида, то 6-уми октябри соли равон идома меёбад.
Лозим ба ёдоварист, ки мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ҳар сол дар ду марҳила, моҳҳои май-июн ва сентябр-октябр чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, таҳти унвони шартии «Нелегал» гузаронида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ