Неъматҷон Эшонқулов барои куштори ҳамсараш 25 сол зиндонӣ шуд

Сокини 30солаи шаҳри Хуҷанд барои одамкушӣ 25 сол равонаи зиндон шудааст. Ӯ бо гумони куштори ҳамсари ҳомилааш моҳи март боздошт шуда буд.

Аз Суди вилояти Суғд хабар медиҳанд, ки Неъматҷон Эшонқулов бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне одамкушӣ аз озодӣ маҳрум шудааст.

Номбурда ҳамсараш Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шаби 15-уми март куштааст ва ба иттилои наздикон, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *