Неъмати буз 7 касро кушту 15 сол зиндонӣ гашт (Видео)
Додгоҳи олии Тоҷикистон сокини ҷамоати Муҷахарфи ноҳияи Нуробод Неъматулло Назировро барои куштори 7 нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст. Неъматулло Назиров дар солҳои 90 узви дастаи Мулло Абдулло буд. Ӯро баъди 17 соли фирор дастгир карданд.
Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Додгоҳи олӣ рӯзи 27 декабр муҳокимаи парвандаи пурсарусадои Назиров Неъматулло Саодатович, соли таваллудаш 1975, зодаи ҷамоати Муҷахарфи ноҳияи Нурободро анҷом дода, ӯро бар асоси моддаҳои 74 ва 104 бандҳои «в,г,д,з,м,н» (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Дар шарҳи ин ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олӣ гуфта мешавад: «Назиров Н.С. барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ аз аввалҳои соли 1994 то моҳи майи соли 1998 ихтиёран ба дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Раҳимов А. бо лақаби «мулло Абдулло», ки бо мақсади ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот ташкил шуда буд, аъзо гардида, тибқи супориши роҳбари даста Раҳимов А. бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш барои таъмин намудани аъзоёни дастаашон бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ аз деҳаи Каскун, ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод ба деҳаи Тегирмӣ, ҷамоати деҳоти Комсомолобод омада, аз шахсони ба тафтишот номаълум ду куттӣ тири автомати тамғаи Калашников, 12 адад тири гранатомёт гирифта, ба қароргоҳи дастаашон раҳсипор шудаанд.
23 июни соли 1996 тахминан соати 1400 Назиров Н.С. ва дигар ҳаммаслаконаш бо истифода аз яроқҳои оташфишон ба автобуси тамғаи КАВЗ-685 таҳти идораи ронанда Шарипов М.Т. дар дохилаш шахси низомӣ ва дигар мусофирон, ки аз самти деҳаи Чорсада ба тарафи марказӣ ноҳияи Нуробод ҳаракат мекард, ҳуҷум намуда, ба сӯи автобус тирпарронӣ намудаанд.
Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳона ронанда Шарипов М.Т. ҳалок гардида, автомашина ба ҷарӣ чаппа шуда, корманди қисми низомии №3502-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов Н.З., мусофирони дигар Шоев А., Шарипов 3., Холов С., Абдуллоев А.Ҳ., Абдуллоев Н.Ҳ., вафот карда, Қличов С.Ш., Бачаҷонов Ё.И., Ҳусейнова М.Т.,Ҷумъаев Н.С., Шаробова З.Ш. ва ноболиғ Муслимов A.F. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.”
Ин автобус ба Кумитаи нафту гази ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дошта, бар асари он ҳамла корношоям гардидааст. Зарари моддӣ ба давлат бар асари он ҳамлаи мусаллаҳонаи соли 19996-ро Додгоҳи олӣ 2 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон моҳи сентябр аз боздошти Неъматулло Назиров хабар дода буданд. Вазорати дохила гуфт, Назиров Неъматулло Саодатович, соли таваллудаш 1975, мулаққаб ба Неъмати буз, дар солҳои 1993-1998 бо фармони Мулло Абдулло Раҳимов, ки фармондеҳии нирӯҳои мухолифин дар ноҳияи Нурободро ба дӯш дошт, дар ҳудуди ин ноҳия дидбонгоҳҳои ғайриқонунӣ ташкил мекард ва бо шариконаш молу пули мусофирони ронандагони раҳгузарро аз худ карда, даст ба куштори афсарони аскарон низ задаанд.
Неъматулло Назиров дар гузориши нашркардаи маркази матбуоти вазорати дохила гуфт: «Пости ғайриқонунӣ кардем. Дастури Мулло Абдулло буд, ки ягон ҳарбӣ бошад, бизанедаш, бикушедаш. Дар ҳамон ҳолат автобус аз поён омад аз тарафи Душанбе. Дар дарунаш як низомипӯш буд. Мо тирборон кардем ҳамроҳи Раҳмон, Зард, Қорӣ ва Уктам. Автобус ягон 70-80 метр рафт ва ронандааш шояд тир хӯрда мурда буд, ки ба ҷарӣ афтид. Ягон 200 метр ҷар шуд. Мо ҳам фаромадем, рафтем, то бубинем, ки ҳадафи мо чӣ шуд? Дидем, ки мурдаанд ва автомати он ҳарбиро бо худ гирифтему рафтем.”
Баъди ин силоҳбадастон ба тарафи пойгоҳи худ дар дараи Ҳакими ноҳияи Нуробод рафта, ба Мулло Абдулло гузориш додаанд: «Автоматро супоридем ва гуфтем, ки тавре ки шумо дастур дода будед дар бораи ҳарбиҳо, мо ин корро анҷом додем. Мулло Абдулло каме хомӯш монд ва баъд гуфт ки «нағз кардед.”
Неъматулло Назиров ҳамчунин ширкаташ дар амалиёти машҳури соли 1995 дар минтақаи Сичароғро дар ин навор эътироф мекунад: «Мо дар дашти Сичароғ дар соли 1995 ду КАМАЗ-и сарбозҳоро задем. Дар КМАЗҳо тиру тӯпу хӯрду хӯрок буд. 22 ё 23 сарбоз ба ҳалокат расид.”
Неъматулло Назиров баъди анҷоми ҷангҳо як автомати Калашников ва ду норинҷакро ба падарарӯсаш додааст, то дар ягонҷо пинҳон кунад ва худаш ба Русия рафтааст.
Сабриддин Асроров, падарарӯси Неъматулло Назиров дар ин гузориш гуфт: «Як автомат, ду граната ва чанд миқдор тирро ман аз дасти ҳамин одам гирифтам, то ки ин корҳоро бас кунаду ба Русия равад. Баъде ки пули роҳашро додаму ба Русия рафт, як қумандон омад, гуфт, ҳамон яроқе ки домодат оварда дода буд, биёр, ба ман бидеҳ. Мар аз тарсам баровардам, додам. Баъди чанд рӯз шкафро кушода, гранатаҳову тирҳоро дидам ва ба ин фикр, ки аз ҳаминҳо халос шавам, дар бари бағалам гирифта бурдам ва ба дарё партофтам ҳамаашро.”
Мулло Абдулло Раҳимов аз он фармондеҳони собиқ Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик буд, ки шароити созишномаи сулҳи соли 1997 бо ҳукуматро напазируфт. Дар соли 2000 ба зидди гурӯҳи Мулло Абдулло як амалиёти вижа ба роҳ андохтанд, ки дар натиҷаи он гурӯҳи Мулло Абдулло хунсо гардида, худи ӯ ба Афғонистон фирор кард.
Номи Мулло Абдулло бори дигар дар соли 2010 баъди бозгашти пинҳониаш аз Афғонистон дар робита ба исёни нав ба раҳбарии ӯ ва Алии Бедакӣ дар водии Рашт вирди забон шуд. Таъқиби аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло ин дафъа то моҳи апрели соли 2011 тӯл кашид ва бо куштани худи ӯ дар як пинҳонгоҳ дар бағали кӯҳ дар марзи байни ноҳияҳои Рашту Нуробод анҷом ёфт.
Мақомот баъдан гуфтанд, ки Мулло Абдулло бо дастури «Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба водии Рашт барои ташкили «ҷиҳод” омада буд ва аз охирин пинҳонгоҳи ӯ парчами ин созмони мамнӯъ ёфт шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ