Неруҳои посдори сулҳи СПАД аз Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон Қазоқистонро тарк карданд

— Неруҳои посдори сулҳи се кишвари Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) қаламрави Қазоқистонро тарк карданд,- хабар медиҳад РИА “Новости”.

Сухан дар бораи низомиёни Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон меравад. Барои баргардонидани низомиёни Арманистону Тоҷикистон чор ҳавопаймои неруҳои ҳавоии Русия ба кор бурда шуда, неруҳои посдори сулҳи Қирғизистон мустақилона ба ватанашон баргаштаанд.

Тавре сомонаи Kp.ru қаблан навишта буд, вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои СПАД-ро баргузор карданд, ки дар он созишнома оид ба хуруҷи неруҳои ин созмон аз Қазоқистон ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *