Неруҳои Туркия ба мавқеи курдҳои Сурия ҳамла карданд

Неруҳои ҳавоии Туркия дар шимолу шарқи Сурия ба мавқеи курдҳо ҳамла карданд. Дар ин бора расонаҳои Сурия хабар доданд.

Ҳамла дар вилояти Хасака сурат гирифт, ки ситоди гуруҳҳои мусаллаҳи курдӣ дар ин вилоят қарор дорад. Дар бораи куштаву захмиҳо ҳанӯз хабаре нарасидааст.

Пештар аз ин президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон аз омодагии неруҳои туркӣ ба амалиёти низомӣ дар ҳудуди Сурия хабар дода буд.

Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, ки амалиёти низомӣ чораи муваққатист, зеро Туркия ба тамомияти арзии Сурия эҳтиром қоил аст.

Курдҳои Сурия — шарикони аслии ИМА дар мубориза зидди гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ҳастанд. Туркия гуруҳҳои курдиро террорист медонад.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 6 октябр гуфт, агар Туркия коре кунад, ки ба ӯ писанд наояд, иқтисодашро ба ҳам хоҳад зад. «Пештар гуфта будам ва ҳоло боз ҳам мегӯям, агар Туркия коре кунад, ки аз чорчӯба берун бошад, иқтисодашро ба пуррагӣ маҳв хоҳам кард», — изҳор дошт Трамп. Президентҳои ИМА ва Туркия 6 октябр суҳбати телефониеро анҷом доданд. Трамп пас аз суҳбат гуфт, дар робита ба амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия аз Раҷаб Эрдуғон ҳимоят намекунад. Трамп гуфт, нерӯҳои амрикоӣ дар он иштирок нахоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *