Ҳавопаймои Вазорати мудофиа 25 сайёҳи русро аз Қазоқистон ба Маскав бурд
Гуруҳи 25-нафарии сайёҳони рус бо ҳавопаймои низомии нақлиётии Вазорати мудофиаи Русия аз Алмаато ба Маскав расонида шуд.
«Ҳавопаймои низомии нақлиётии Русия 25 шаҳрванди Русияро аз фурудгоҳи Житигени Ҷумҳурии Қазокистон ба Маскав расонид»,- гуфта мешавад дар иттилоияи сомонаи Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия.
Русҳо ният доштанд, ки ҷашнҳои солинавиро дар яке аз осоишгоҳҳои куҳии лижаронии Алмаато мегузаронанд, аммо бо сабаби пӯшида шудани фурудгоҳ ва бетартибиҳо натавонистанд мустақилона парвози бозгашт анҷом диҳанд.
Тавре қаблан сомонаи Кp.ru иттилоъ дод, Сафорати Русия дар Қазоқистон шаҳрвандонро оид ба парвозҳои тайёраҳои Вазорати мудофиа хабардор карда буд.
Гуфта мешавад, ки дигар парвозҳо рӯзи якшанбе, 9-уми январи соли 2022 сурат мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ