7 миллион муҳоҷири Русия, чӣ қадараш тоҷиконанд?
ВКД-и Русия хабар дод, ки ҳоло дар кишвар 7 миллион шаҳрванди хориҷӣ ҳаст, хабар медиҳад ТАСС.
Дар ин бора сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия генерал -лейтенанти милитсия Валентина Казакова хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ он қадар зиёд нест.
«Дар Русия дар маҷмӯъ ҳафт миллион хориҷӣ, муҳоҷироне ҳастанд, ки ба Федератсияи Русия омадаанд. Миёни онҳо афроди қонунӣ ва шумораи ками ғайриқонунӣ ҳастанд», — гуфт Казакова.
Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, зиёда аз як миллион муҳоҷире, ки ҳангоми пандемия дар Русия монданд, мақоми ҳуқуқии худро дар ин кишвар ҳал карданд.
Валентина Казакова тавзеҳ дод, ки барои ин тоифаи шахсоне, ки қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мемонанд, мӯҳлати иҷозатнома, агар онҳо ба охир расанд, аз 15 марти соли 2020 то 30 сентябри соли 2021 то 30 декабри соли 2021 тамдид карда мешаванд.
«Ҳама он шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба назди мо омада, дар феҳристи муҳоҷират сабти ном карданд, беш аз як миллион нафар аст ва ҳамаи ин барои онҳо рабт дорад», — гуфт сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД.
Аз 7 миллион муҳоҷир чӣ қадарашон тоҷикистонанд? Дар ин мврид назарҳо гуногунанд ва таи даҳсолаҳо рақаме,ки сохторҳои расмӣ мегуянд, бо нишондодҳои ғайрирасмӣ мувофиқ наомадаанд. Ғайрирасмӣ дар Русия зиёда аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд,аммо расман теъдоди онҳоро то 700-800 ҳазор мегуянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ