Амонзода бекоронро сабти ном мекунад

Ширин Амонзода тасмим гирифтааст тамоми бозорҳои мардикории кишварро ошкор намуда, корҷӯёнро сабти ном ва бо кор таъмин кунад.
“Бозорҳои мардикорӣ дар шаҳрҳои мо аз қадим вуҷуд доштанд. Мардум ба ин бозорҳо барои ҷустуҷӯи кор омада, кору нони хонаводаашонро пайдо мекарданд. Ҳоло ҳадафи мо ин аст, ки ин бозорҳоро аз роҳи мутамаддин аз миён барем. Чӣ тур? Мардикорон – чӣ марду чӣ занро ба курси омӯзишии ройгон фаро гирифта, пас аз соҳибкасб шудан онҳоро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунем”, — гуфтааст як масъули Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
Бозорҳои мардикорӣ анқариб дар тамоми шаҳрҳои Тоҷикистон, қабл аз ҳама Душанбеву Хуҷанд ва Бохтар фаъоланд.
Мардум аз навоҳии гирду атроф ба ин бозорҳо омада, мунтазири корфармо мешаванд ва ахириҳо низ дар навбати худ аз хадамоти чунин афроди корҷӯ истифода мекунанд.
Яке аз воқеияти солҳои ахири Тоҷикистон пайдо шудани бозорҳои мардикории корҷӯёни ҷинси латиф аст, ки бахусус, дар фасли гармо ё мавсими ғунучини ҳосил гарм мешавад. Аммо дар фасли сармо низ ин бозори занони корҷӯ фаъоланд.
Як рӯз пеш Ширин Амонзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, бо рӯи даст гирифтани иқдоми бесобиқае ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рафт ва бо занони корҷӯи бозори мардикории ин шаҳр дидор намуд.
Бино ба иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, вазир онҳоро даъват кард, ки барои соҳибтахассус ва соҳиби ҷойи кории доимӣ шудан ба курсҳои касбомӯзӣ, махсусан қаннодӣ, бофандагӣ, дузандагӣ, ороиши мую рӯй ва пӯхтани таъомҳои миллӣ рӯ оваранд.
“Ширин Амонзода гуфт, ки дар як ҳафта барои онҳо се рӯз курс ташкил мешавад ва чор рӯзи дигар метавонанд ба фаъолияти меҳнатӣ пардозанд, то дар як давра муайян ҳам таълим гирифта, соҳиби касби муайян шаванд ва ҳам рӯзгори худро пеш баранд”, — гуфтанд дар маркази матбуоти вазорат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *