“Бачаҳо”-и “Самира” дар “Малика” муноқиша кардаву ҳабс шуданд (аудио)

Шаби 3-юми январи соли ҷорӣ тахминан соати 21-и шаб дар тарабхонаи «Малика» воқеъ дар кӯчаи Р. Набиеви ноҳияи Сино байни як гуруҳ мизоҷони тарабхонаи мазкур, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, муноқиша ба миён омада, якдигарро аз ҳиссиёти авбошӣ мавриди дашномҳои қабеҳ қарор додаанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати ошкору муайянсозии вайронкунандагони тартибот ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани онҳо дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, сабабу омилҳои муноқишаи мазкурро муайян ва гумонбаронро дастгир намудаанд.

— Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Муҳсиддинов Манучеҳр Нурович (соли таваллудаш 20.04.1990, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Шерозӣ, роҳбари маркази дилхушии «Самира») бо ҳамроҳии рафиқони худ шаҳрвандон Ҳотамов Ҷамолиддин Ҳамроевич (соли таваллудаш 30.01.1998, истиқоматкунандаи н. Темурмалик, ҷамоати шаҳраки Совет, посбони маркази дилхушии «Самира»), Мусаммиров Усмон Илҳомиддинович (соли таваллудаш 22.10.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, шаҳраки Шарора, кӯчаи Матонат, посбони маркази дилхушии «Самира»), Қамаров Ҳусейн Авзалович (соли таваллудаш 10.02.1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Р. Набиев, посбони маркази дилхушии «Самира») дар ҳолати мастӣ бо соҳибмулки тарабхонаи «Малика» муноқиша намуда, бо овози баланду дашномҳои қабеҳ дар баробари тартибот ва оромии ҷамъиятиро вайрон намудан, шаъну шарафи ҳамдигарро паст задаанд,- меафзояд манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *