Барфу сардӣ умедҳоро барҳам медиҳад
Ҳаҷми хисороти расида маълум нест, вале гумон аст, ки имсол меваҳои барвақтӣ ҳосили хуб диҳанд.
Ин субҳро мардуми кишвар бо бо барф пешвоз гирифтанд.Cар то сари Тоҷикистонро барфи нобаҳангом сафед кард.Пас аз сардиҳои даҳ рӯз пеш, ки як қисми гули дарахтонро нобуд карда буд, боғпарварон умед доштанд, ки дигар фалокате дар пеш нест, аммо табиат кори худро кард ва ҳоло дар пойтахти кишвар дарахтони ғарқи гули шафтолу пас аз борони шабона қабои сафед ба бар карданд. Тавре мушоҳида мешавад, барфи тар ба шохаи гулкарда часпида, онҷо ях баст ва минбаъд ин гулро хунук мезанад. Ҳаҷми хисороти расида маълум нест, вале гумон аст, ки имсол меваҳои барвақтӣ ҳосили хуб диҳанд.Дар дигар қисматҳои ҷумҳурӣ ин барфи нобаҳангом чи хисороте ворид намуд, то ин соат маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ