Дар Актау эътирозгарон истеъфои президенти Қазоқистонро талаб карданд

Дар майдони Интимаки Актауи Қазоқистон эътирозгарон истеъфои президент Қосим Ҷомард Токаевро талаб кардаанд. Тавре Orda.kz иттилоъ медиҳад, дар гирдиҳамоӣ беш аз 10 ҳазор нафар иштирок доштаанд.

Хабарнигори нашрия ҳамчунин хабар медиҳад, ки гуруҳе аз афроди либоси низомӣ дар тан, ки гӯё аз Вазорати дифоъ будаанд, ба эътирозгарон ҳамроҳ шуда, гуфтаанд, ки наметавонанд зидди мардум бархезанд.

Рӯзи чоршанбе президенти Қазоқистон дар робита ба тазоҳуроти густурда дар ин кишвар бо паёми наве ба мардум баромад кард. Ӯ эълон дошт, ки Шӯрои амниятро сарварӣ мекунад. Қаблан раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев буд.

«Ҳамчун президент ман вазифадорам, ки амният ва оромии шаҳрвандони худро ҳифз кунам, дар бораи якпорчагии Қазоқистон андешам. Тадбирҳои андешидаи ман ба беҳбудии Қазоқистони сермиллат нигаронида шудаанд»,- гуфтааст Токаев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *