Даргузашти сардори шӯъбаи «Тоҷикстандарт»

Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоърасонии Агентии «Тоҷикстандарт», ки моҳи равон 35-сола шуд, аз маризии “вируси корона” вафот кард.

Наздикони ӯ гуфтаанд,ки марҳума як ҳафтаи қабл ба Шифохонаи сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, бистарӣ шуда буд.

«Духтурон гуфтанд, ки ӯ ба “вируси корона” печидааст. Аммо талошҳои онҳо барои шифо ёфтани ӯ натиҷа надоданд»,- изҳор доштааст манбаъ.

Даргузашти Мақсудова, яке аз занони ҷавони роҳбар дар идораи «Тоҷикстандарт» дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир аз ҳолатҳои дигари фавт бар асари коронавирус хабарҳо нашр гардида буданд. Аммо бар асоси оморе, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон нашр кардаанд, дар пайи хуруҷи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ то ҳол ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
«Спутник»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *