Дастури Озода Раҳмон

Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз гароншавии нархи чиптаҳо ба самти Русия дастур додааст
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон барои танзими нарх ва ҷилавгирӣ аз болоравии арзиши чиптаҳои парвоз ба Русия дастур додааст.

“Тибқи дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва протоколи ҷаласаи якҷояи роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, дар хатсайрҳои самти Русия, арзиши як чипта дар ҳар ду самт ба 500 доллари амрикоӣ баробар ба 5800 сомонӣ муқаррар шудааст”, — гузориш дод телевизиони давлатии “Тоҷикистон”.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки шахсони манфиатхоҳ бо истифода аз мушкилоти пешомада, чиптаҳоро гарон мефурӯшанд, ки ин амалашон боиси паст гардидани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *