ДДМИТ литсейи иқтисодӣ-риёзӣ таъсис медиҳад
Дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон литсейи иқтисодӣ-риёзӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода изҳори назар намуд.
«Мо дар шафати донишгоҳ як бинои замонавиро мавриди истифода қарор дода истодаем, ки корҳои таъмирии он ҷараён доранд. Инчунин, нақша дорем, ки дар як қисмати бино барои хонандагон хобгоҳ ташкил кунем. Самти донишгоҳ, ки пеш аз ҳама, самти риёзист, мақсаду ҳадафи мо ин аст, ки мутахассисонро аз мактаби миёна тайёр кунем”,- афзуд ректор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ