Эҳтиёт! Барфу борон меборад. Лағзиши тармаву резиши санг ҳам дар назар аст

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, то охири ҳафта ҳаво дар ноҳияҳои куҳиву наздикуҳӣ сард боқӣ мемонад ва дар водиҳо борону дар манотиқи куҳӣ барф меборад.

Гуфта мешавад, ки дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди Душанбе — Чаноқ, Душанбе — Ваҳдат — Лахш, Душанбе — Рашт, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Кӯлоб, Шоҳин — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим — Мурғоб яхбандӣ ва дар баъзе қитъаҳо барфтӯда, ҳамчунин хатари лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд.

КҲФ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки воситаҳои нақлиётро барои ҳаракат дар шароити бориши барфу яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кунанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд ва дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат аз минтақаҳои лағзиши тарма фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳо аз хатари шикастани дарахтон, канда шудани хатҳои баландшиддати барқ ​​ҳушёр бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *