«Гашти асп»-и Собянин. Буҷети Россия зарар мебинад

Вақтҳои охир, хоса баъд аз зуҳури каронавирус, назари масъулини Федератсияи Россия ба муҳоҷирон таври мусбат тағйир ёфта, ин ҷанба дар андешарониҳояшон баръалост.

Чанде пеш мири шаҳри Москва Сергей Собянин дар мусоҳибааш ба шабакаи телевизионии «Россия-1» аз тамоюли коҳишёбиро касб намудани теъдоди муҳоҷирон дар ин шаҳр нигаронӣ кард.

Бино ба гуфти номбурда, ин нишондиҳанда дар шароити кунунӣ 40 фоизро ташкил дода, ба бозори меҳнат ва хизматрасониҳои коммуналӣ таъсири манфӣ мерасонад. Собянин эътироф кард, ки москвагиҳо омода ва ҳавасманд нестанд, ки ҷойҳои кории аз ҳисоби камшавии шумораи муҳоҷирон фароҳамшударо ишғол намоянд.

-Ин меҳнати вазнин дастӣ бо бел мисрон ва ғайра аст. Бинобар ин, на ҳама сокинони бумӣ омодаанд, ки чунин корро ба зимма гиранд,- гуфт шаҳрдори Москва.

Тибқи маълумоти оморӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо 13,7 дарсад аз ҷамъи 3,1 миллион ҷойи корӣ дар вилояти Маскавро ишғол кардаанд ва асосан корҳоеро анҷом медиҳанд, ки сокинони маҳаллӣ ба далели камии маош аз онҳо ҳазар мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, даъвои миллатгароёнеро, ки мегӯянд, муҳоҷирони хориҷӣ мавқеи аҳолии маҳаллиро дар бозори кор танг мекунанд, бепоя аст.

Ду сол қабл вазири рушди иҷтимоии вилояти Маскав гуфт, ки 93 фоизи муҳоҷирон дар вилояти Маскав аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ буда, 28 дарсади онҳо аз Ӯзбекистон, 22 дарсад аз Украина ва 20 дарсад аз Тоҷикистон мебошанд.

Умед бар он мебандем, ки ба “шарофат”-и коронавирус масъулини баландпояи кишвари мавриди назар дарк кардаанд, ки дар ҷаҳони муосир муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи маъмул маҳсуб ёфта, ҳатто дар давлатҳои пешрафтаи олам низ роиҷ аст.

Барои мисол, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ, ки ду кишвари абарқудрати ҷаҳони муосир маҳсуб меёбанд, муҳоҷирати меҳнатӣ раванди доимист.

Табиист, ки дар ҷаҳони муосир ягон кишвари олам, ҳатто давлатҳои мутараққӣ қодир нестанд, ки кулли шаҳрвандони худро бо ҷойи кори муносиб ва ба тамоми талабот ҷавобгӯй таъмин намоянд. Аз ҷониби дигар, раванди ҷаҳонишавӣ имкон фароҳам овардааст, ки инсон, сарфи назар аз миллат ва нажод, дар дилхоҳ гӯшаи олам кору зиндагӣ намояд.

Дар ҷаҳони имрӯза муҳоҷирати меҳнатӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ мубаддал гашта, мутобиқи маълумот ва дурнамои Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирон, ки то соли 2010 ҳамагӣ 214 миллион нафарро ташкил медод, дар соли 2050 ба 405 млн. нафар мерасад.

Ба ибораи дигар, шаҳрвандони ин кишварҳо дар дигар давлатҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва ин равандро чун падидаи маъмул эътироф ва қабул кардаанд.

Мутаассифона, дар Федератсияи Россия ва кишвари мо сарфи назар аз иқдомоти басомонрасида, баъзе коршиносони ба ном мустақил ва гурӯҳҳои алоҳида мавҷудият ва густариши муҳоҷирати меҳнатиро таври муғризона ва дар заминаи далелу арқоми аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур ба риштаи таҳлил кашида, аҳли ҷомеаро гумроҳ намуданианд.

Пайгирии масъала маълум намуд, ки ҳар сол ба буҷети Федератсияи Россия аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон то 45 миллиард рубл ё қариб 900 миллион доллари ИМА ворид мешавад.

Вазири рушди иҷтимоии вилояти Маскав пештар дар иҷлосияи Думаи вилоятӣ омори ҷолиберо дар бораи саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди минтақа ироа карда буд.

Ба гуфти ӯ, аз ҳисоби он ки як маркази асосии сабти ном ва таҳияи асноди муҳоҷирон дар вилояти Маскав дар шаҳраки Сахарово воқеъ шудааст, соли 2016 буҷаи вилояти Маскав аз фурӯши патент ба муҳоҷирон 6,2 миллиард рубл ё 110 миллион доллар фоида ба даст овард.

Ба ғайр аз ин, вазири рушди иҷтимоии вилояти Москва эътироф кард, ки муҳоҷирон пеши роҳи коҳиши теъдоди аҳолиро дар минтақа гирифтанд. Масалан, соли 2015 аҳолии вилояти Маскав аз ҳисоби муҳоҷирон 88 ҳазор ва дар соли 2016 ба 104 ҳазор нафар афзуда, ин раванд муттасил аст.

Қаблан Сергей Собянин, мири шаҳри Москва низ эътироф карда буд, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷаи шаҳри Маскав ҳар сол то 14 миллиард рубл ё қариб 300 миллион доллар ворид мешавад. Номбурда афзуда буд, ки «ҳарчанд бовар нокарданист, вале саҳми муҳоҷирон дар буҷаи шаҳри Маскав хеле бештар аз саҳми ширкатҳои нефтӣ мебошад».

Эътирофе, ки ба он чизе илова карданро ҷоиз намедонам…

Далер МЕРГАНОВ, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *