Хуҷанд: Мулоқоти мудири филиали «Амонатбонк» бо соҳибкорон
Дар идораи нозироти андози шаҳри Хуҷанд мулоқоти мудири филиали №24-и бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд бо соҳибкорон баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, мудири филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд Меҳрдод Қаҳҳорзода зимни мулоқоти озоду ошкоро аз фаъолияти имрўзаи ин бонки давлатӣ ба соҳибкорон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии дохилию минтақавӣ нақши бонкҳо аҳамияти калидӣ дорад. «Барои мо аз ҳама муҳим боварии мардум аст. Зеро бидуни эътимоди қавии омма мо фаъолият бурда наметавонем. Асоси фаъолияти кормандони бонк бо мардум муомилаи дуруст буда, ба ин васила одоби баланди миллии хешро нишон медиҳем,- гуфтааст ӯ.
Меҳрдод Қаҳҳорзода афзудааст, ки филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд омода аст бо ҳама гуна қишрҳои ҷомеа, бахусус бо соҳибкорон, ки дар рушди мамлакат саҳми муносиб мегузоранд, имтиёзу имкноти васеи ҳамкорорӣ пешниҳод намояд.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 12 марказ ва 6 нуқтаи хизматрасонии бонки давлатии «Амонатбонк» фаъол гардида, беш аз 60 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ