Хурӯҷи низомиёни ҳавзаи СПАД аз Қазоқистон баъди ду рӯз оғоз мешавад
Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтааст, ки хурӯҷи низомиёни ҳавзаи СПАД аз Қазоқистон пас аз ду рӯз оғоз мешавад.
Бино ба иттилои «Косомолская правда”, ӯ имрӯз зимни суханронӣ дар палатаи поёнии парлумон гуфтааст, ки вазъ дар тамоми минтақаҳои Қазоқистон муътадил аст ва рисолати асосии СПАД анҷом ёфтааст.
Ба гуфтаи президент Қосим Ҷомарт Тоқаев, “кӯшишҳои анҷом додани табаддулот барбод рафтанд”.
Президенти Қазоқистон ҳамчунин дар мавриди зарурати ҷилавгирӣ аз ба ҳам пайвастани ифротгароии мазҳабӣ ва ҷинояткорӣ дар кишвар сухан гуфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ