Миннатдории духтари Назарбоев ба мардуми Қазоқистон барои пуштибонии падараш

Духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев — Алия Назарбоева ба сокинони ин кишвар муроҷиат карда, ба онҳо барои пуштибонӣ аз сиёсатмадор замони тазоҳуроти эътирозӣ миннатдорӣ кардааст.

Бино ба иттилои “Комсомолская правда”, Алия Назарбоева гуфтааст, ки воқеаҳои дар Қазоқистон рухдода ӯро сахт хавотир карда буданд.

“Таассуф аз одамони қурбонишудаву фавтидаро бо сухан тасвир карда намешавад. Ман ба оилаҳои ҳамаи қурбониён ҳамдардии самимии худро баён мекунам. Барои дастгириҳоятон аз шумо миннатдорам. Ва ташаккур барои дастгирии маънавии падарам, ки имрӯзҳо аз сокинони минтақаҳои гуногун паёмҳои зиёд мегирад”,- гуфтааст ӯ дар “Фейсбук”.

Тавре Алия Назарбоева зикр кардааст, “нобудшавии одамон дар замони осоишта аз рӯйи адолат нест”.

Манбаъ ёдовар шудааст: “Қаблан сафири Қазоқистон дар Озарбойҷон Сержан Абдикаримов гуфта буд, ки Назарбоев дар Нурсултон қарор дорад. Дипломат гуфт, ки ӯ бо раҳбарони кишварҳои дӯст чандин гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст ва бо президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев пайваста дар тамос аст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *