Муҳаммадзода: Инглисӣ 80% калимоти иқтибосиро ҳазм намуда ва ҳеҷ ҷояш кам нашудааст…

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гузинаи дурусти номи намуди варзиши “дзюдо” – ро ном бурд.

Олимҷон Муҳаммадзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, “ҷудо” дуруст аст ва “дзюдо”-ву дигар гузинаҳо дуруст нестанд.
“Ман ба ин назарам, ки агар мо шакли дурусти як калимаро иқтибос карданӣ бошем, бояд ба асли он бингарем. “Ҷудо” калимаи ҷопонӣ аст ва худи ҷопониҳо онро “ҷудо” талаффуз мекунанд. “Дзюдо” – ро мо аз забони русӣ гирифтаем. Азбаски дар забони русӣ ҳарфи “ҷ” нест, калима тағйир кардааст, аммо дар забони русӣ нишастааст. Мо имкон дорем, ки аз забони асл гирем ”, — гуфт Олимҷон.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, вақте дар ин ниҳод 12 ҳазор номи ҷуғрофии ҷаҳонро ба баррасӣ гирифтанд, ба ҳамон аслашон муроҷиат карданд.

“Вақте як калима тариқи забонҳои дигар меояд, маъниву талаффуз дигар мешавад. Ё ба таърихи худ бояд муроҷиат кунем, ки ин ё он ном чӣ гуна пазируфта шуда буд, он гуна, ки Маҷористону Лаҳистону дигарҳо ҳастанд. Забони инглисӣ дар худ 80% калимоти иқтибосиро ҳазм кардааст ва ҳеҷ ҷояш кам нашудааст”, — гуфт Олимҷон Муҳаммадзода.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор истифодабарандагон аз истифодаи калимаи “ҷудо” дар ахбори марбут ба мусобиқоти олимпии Токио интиқод карда, бархе онро ҳатто бо вожаи “ҷудо” – тақсим кардан – рабт доданд ва истифодаи онро нодуруст шумурданд.

Аммо иддае миёни “ҷудо” – и тоҷикӣ ва “ҷудо” – и ҷопонӣ фарқро дар задаҳое арзёбӣ мекунанд, ки дар ҳиҷои аввалу охир хоҳад омад.
Иддае ҳам дар истифодаи “дзюдо” мушкиле намебинанд ва бархе ҳам онро ба лаҳни тоҷикӣ “дизюдо” дидан мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *