Назарбоев: Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё бояд бипайванданд!

Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон, хоҳони пайвастани Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркаманистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авросиё шудааст

 Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон ва роҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии Авросиё зимни мулоқот бо нахуствазири Русия Михаил Мишустин гуфтааст, ки Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Туркманистон бояд ба ин иттиҳод ҳамроҳ шаванд.

«Иттиҳоди иқтисодии Авроосиёро бояд қавитар шавад ва барои ин бояд Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — ҳамсоякишварҳои мо шомили он шаванд. Бо Туркманистон ҳам бояд кор кард, то ки ин кишвар шомили ин иттиҳод шавад»,- таъкид дошт Назарбоев зимн мулоқот бо Михаил Мишустин дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон.

Мулоқоти Назарбоев бо Мишустин қабл аз нишасти нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авросиё сурат гирифт, ки дар Қирғизистон доир мешавад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад.

«Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ, ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин Иттиҳод имконнопазир аст», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама, инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.

Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи шомилшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ оид ба фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.

Ёдовар мешавем, ки музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳои зиёдтар вуҷуд доранд.

Пеш аз ҳама, узвият дар Иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз соли 2015 амал мекунад ва ҳоло ба ҷуз Русия, чор кишвар Белорус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон шомил ҳастанд. Ӯзбекистон дар ин иттиҳод мақоми нозирро дорад.   Ин ҳама боло равии нархи наво имрӯз низ ба он вобастагии қавӣ дорад. Ва он ҳушдори Қазоқистон оид ба маҳдудиятҳои дастрасии маводи сӯхт низ дар ҳамин равия тарҳрезӣ шудаанд. Мушкилоти пешорӯ қарор доштаи кишвари мо марбути ин кашолкориҳост

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *