Низомиёни рус ба хонаи кӯдакони шаҳри Бохтар кумак расониданд
Дар остонаи соли нав низомиёни пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон кумакҳои густурдаи башардӯстонаро ба ятимхона — маркази тавонбахшии кӯдакони маъюб ва нотавон воқеъ дар шаҳри Бохтар супориданд.
Бино ба иттилои Сафорати Русия дар Тоҷикистон, маҳсулот дар ҳаҷми зиёда аз 2 тонна бо ташаббуси яке аз бахшҳои пойгоҳ ҷамъоварӣ карда шудааст. Маҷмуи хӯрокворй иборат аз орд, ярма, гӯшт, сабзавот, меваи хушк, шири моеъ, равган, тухм, шарбат, чой, қанд, намак будааст.
Бояд гуфт, ки пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин муассисаи низомии Русия берун аз марзи ин кишвар буда, дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ