Номаи пеш аз марги домоду арӯс: “Дигар зиндагӣ кардан намехоҳем” (аудио)
Пурсарусадотарин хабари ҳафтаи ҷорӣ ҳодисаи шаби 27-уми март дар деҳаи Якатути ноҳияи Вахш буд, ки Шарифбек Зиёеви 26-сола ва Гулҳавас Шоеваи 17-сола пас аз се рӯзи оиладорӣ эҳтимол даст ба худкушӣ заданд.
Сафархуҷа Зиёев, бародари Шарифбек рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадҳоро аз оғили канори ҳавлиашон ёфтанд. “Ҳамон субҳ аз хонаи домоду арӯс ҳеҷ садо набаромад. Фикр кардем, ки хобидаанд. Дертар ҷасадро овезон ёфтем”,- нақл кардааст ӯ.
Аз Додситонии ноҳияи Вахш аз тасдиқу таҳқиқи ин ҳодиса хабар дода ва гуфтаанд, ки ҳодиса ба худкушӣ монанд аст, аммо ҳанӯз барои худкушӣ номидани он далелҳои кофӣ дар даст нест. Дар ин баробар, пайвандони Шарифбек Зиёев ва Гулҳавас Шоева ба худкушӣ будани ҳодиса таъкид доранд.
Пайвандони арӯсу домод мегӯянд, аз хонаи хоби онҳо номае ёфтаанд, ки зоҳиран қабл аз марг навишта шудааст. “Дар нома навишта шудааст, ки “дигар зиндагӣ кардан намехоҳем”. Навиштаанд, мо бо хоҳиши худамон худкушӣ мекунем. Хешони домод гуфтаанд, ки ҳусни хат ба навиштаҳои Шарифбек Зиёев монанд аст.
Ёдовар мешавем, ки Шарифбек Зиёеви 26-сола ва Гулҳавас Шоеваи 17-сола, ки барои расидан ба синни балоғат чанд моҳаш монда буд, рӯзи 24-уми марти имсол издивоҷ карданд ва пас аз се рӯз ҷасадҳояшонро пайдо карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ