«Омикрон», хатари он ба мардон ва тавсияи доктор Алоӣ

Фазои дохили автобус бароям ғайриоддӣ менамояд. Барои чӣ? Зеро, хеле вақт боз ба автобус савор нашудаам. Ба замми ин, чеҳраҳои нимпӯшидаву нимвои одамон ҳам ғалатист. Чаро онҳо бо ду ниқоб даҳону бинии худро пинҳон кардаанд?

Гарчанде муҳити дохили автобус ношинос ба назар мерасад, аз чӣ бошад, ки шавқи бештар онҷо қарор доштан маро ором намегузорад. Зеро, метавонӣ аз бисёр навигариҳо огоҳ шавӣ.

Хуллас, вақте роҳкиро додаву ба мобайнтари автобус гузаштанӣ мешавам, садои баланди радио ба гӯш мерасад. Ровии барномаи ахбор эълон медорад: «Имрӯз 17-уми январ. «Наздики 60 — 70 дарсади сокинони сайёра ҳатман гирифтори “омикрон” мешаванд»,- гуфт муҷрии барномаҳои телевизионӣ ва ҳамзамон пизишк Александр Мясников ба РИА «Новости». Ба андешаи ӯ, шахсони гирифтори штамми нав бояд дар хона бимонанд».

Аҳа, ана сабаби даҳонпӯшии одамон чӣ будааст! Акнун дарк кардам, ки идомаи воҳимаҳои коронавирусӣ боз оғоз ёфтааст. Боз маҳдудият, боз куштани кор ва вақт, боз ҳарос аз нафастангӣ, бемадоршавӣ, фавт. Охир, куҷо равем аз дасти ин аҷали норасида!?

Аммо ташвишам дер намепояд. Баъди як реклама ровӣ хабари дигарро қироат мекунад: “Тоҷикистон дар пасманзари пайдоиши штамми “омикрон” дар кишварҳои ҳамсоя назоратро пурзӯр кардааст. Дар ин бора сардори Раёсати амнияти тандурустии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз афроди ба кишвар воридшаванда санҷишҳои иловагӣ мегиранд. «Вазъ дар кишвар ташвишовар нест. Дар гузаргоҳҳои марзӣ чораҳои иловагӣ андешида шудааст»,- таъкид кард сардори Раёсати амнияти тандурустии Вазорати тандурустӣ. Ҷаъфаров гуфт, ки ваксиназании аҳолӣ низ пурзӯр карда шудааст ва барои гирифтани ваксинаи сеюм ба қишрҳои махсуси аҳолӣ барои омори дақиқ ҷамъоварии маълумот идома дорад. Тибқи иттилои манбаъ, сар аз аввали соли ҷорӣ то кунун дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нагардидааст».

Рости гап, вақте ин хабарро мешунавам, гарчанде худи ҷаноби Ҷаъфаров қаблан оид ба эҳтимолияти паҳншавии «омикрон» дар кишвари мо сухан гуфта буд, дилам хеле осуда мешавад. Боз, суҳбати ду нафар зани солдида, ки таври маълум, ҷон барояшон беҳад ширин аст, эътимоду бовариямро ба шикастнопазирии одамон аз «омикрон» қувват мебахшад. Оғози суҳбаташонро нашунидаам ва гуфта ҳам наметавонам, ки бо кадом шева гуфтумонро оғоз карданд. Вале маълум буд, ки банда аз нисфи гап гӯшамро ба даҳонашон часпонидаам. Аввалин сухане, ки шунидам, аз забони зани тахминан 64-65-сола буд:

— Парво накун, дугона, ин бор ҳам мисли дафъаҳои пешина воҳима аст ҳамааш. Ҳамин воҳима мекушад одамро. Қандаша занад ҳамон Ораши эронӣ, ки пеш ҳам мардуми моро ором мекарду ҳоло ҳам тавсияҳои хуб-хуб дода истодааст.

— Ҳамон Ораши ҳофиз?,- мепурсад ҳамсуҳбати ӯ, зани қариб ҳамсолаш.

— Э не, ин Ораш дигар. Алоӣ насабаш. Чунон одами балое, тавсияҳое медиҳад, ки ҳатто Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ташхису таҳлилашон оҷиз аст. Ҳамин чанд рӯз пеш дар як муроҷиати видеоӣ тоҷикистониёнро ба эҳтиёткорӣ даъват кард. Ӯ мегӯяд, ки ҳангоми зоҳир шудани нишонаҳои беморӣ дар хона карантин шудану робитаро бо атрофиён қатъ кардан лозим аст. Мавсуф ҳамзамон мардумро ба ваксинагирӣ даъват намудаву таъкид мекунад, ки хусусан кӯдакон бояд аз штамми нав — «омикрон» эҳтиёт карда шаванд. Ба андешаи номбурда, одамон набояд ба худмуолиҷакунӣ дода шаванд. «Илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам ҳастанд. Ба ин хотир, тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки аз ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, ҳамагӣ истифода кунед, ғайри онҳое, ки ҳоли ҳозир бемор бошанд. Онҳое, ки бемориҳои музмин доранд, ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд»,- шарҳ медиҳад табиб. Ораш Алоӣ инчунин зикр мекунад, ки ҳангоми ба беморӣ гирифтор шудан бе тавсияи духтур, худсарона дору истеъмол кардан бар зарари кор аст ва барои эҳтиёт бояд ҳавои хона ва утоқи кориро тоза нигоҳ дошту ду ниқоб пӯшид.

Ростӣ, аз ин суҳбати ду бону ҳам кайфият мебардорам, ҳам аз бисёр чиз огоҳ мешавам. Аммо ба хотир меорам, ки рисолати Ораш Алоӣ дар кишвари мо имрӯзу пагоҳ бояд ба анҷом расаду бо Тоҷикистон худоҳофизӣ карда, ба ИМА меравад. Баъди ӯ кӣ ба мо тавсияҳои касбӣ медиҳад? Нафари дигари донишманду фаъол дар ин самт мудири Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода буд, ки ҳоло хомӯшӣ ихтиёр кардааст…

Банди чунин андешаҳоям, ки ронанда фарёд мезанад: “Ҳамаатон хуш омадед! Истгоҳи охирин”. Вале ман боз мехоҳам як даври дигар гардам ва ба манзили худ баргардам. Кундаланги гап ҳамин ки, ҳоло аз назарҳои мардуми автобуссавор сер нашудаам.

Ду сомонии дигар медиҳаму аз автобус намефароям. Дар роҳи бозгашт низ таваҷҷуҳ медиҳам, ки сухан ҳама аз боби “омикрон” асту зарарҳои эҳтимолии он.

Ин навбат баръакс, ду нафар ҷавон паҳлуи ҳам нишастаанд ва атрофи ин вируси палид андеша радду бадал мекунанд. Яке гоҳ-гоҳ интернети телефонашро фаъол кардаву хабарҳои тоза ба тозаро барои дӯсташ мехонад. Ман ки дар курсии қафои онҳо нишастаам, гарданамро мисли ғоз дароз карда, бо кунҷи чашм ба экрани телефон дида медӯзам. Ҷавони телефонбадаст ҳам мехонад: “Инро бубин-а, “омикрон” олоти мардиро то 5-6 сантиметр кӯтоҳ мекардааст. Боз, нишонаҳои дигараш атсазанӣ, сулфа, дарди гулӯву миён…”.

Аз таъсири гардиши зиёд ғанабам мебарад. Ин ду ҷавон дар идома оид ба кадом мавзуҳо суҳбат мекунанд, бехабар мемонам.

Ҳамин вақт аз садои атса ва сулфаи бардавом бедор мешавам. Ба ҳарос меафтам. Сохтакорона гулӯ меафшонам. Не, гулӯям равшан. Қоматамро чапу рост қат мекунаму хамёза мекашам. Дарди миён нест. Ба “арзишҳои мардӣ” таваҷҷуҳ медиҳам. Ҳама дар ҷояш…

Садои сулфаву атса дубора баланд мешавад. Аз тирезаи хонаи хобам, ки дар ошёнаи дуюм аст, ба поин менигарам. Мебинам, ки ҷавонҳои ҳамсоя атсазанон аз варзиши пагоҳирӯзӣ ва пирони ҳамсоя сулфакунон аз намози бомдодӣ баргашта истодаанд…

Фикр мекунам, ки ҳангомаҳои “омикрон” ҳам мисли коронавируси пешин дурӯғинанд ва одамро танҳо аз тарс мекушанд. Барои ҳамин, худ ба худ, бо қатъият ният пеш мегузорам:

— Аз дӯстон канорагирӣ мекунем, ваксина мезанем, даркор шавад, чор ниқоб мепӯшем, аммо аз “омикрон” наметарсем!

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *