Паланги барфӣ дар оғили сокини Роштқалъа: Талафот беш аз 20 сар чорво аст
Дирӯз, 23-юми феврал, тахминан соати 07:30-и субҳ як паланги барфӣ ба оғили як сокини ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ворид шуда, ҳайвоноти дохили онро мавриди ҳамла қарор додааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин даранда 20 сар чорвои хурдро дарондаву як сар чорвои калонро захмиву маъюб кардааст.
Манбаъ дар таснифи ин намуди даранда мегӯяд, ки “паланги барфӣ (номи илмиаш Panthera uncia) як гуна аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст, ки дар куҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё зиндагонӣ мекунад. Дар кулли кишварҳое, ки ин паланг ҳаёт ба сар мебарад, чун ҳайвони дар ҳоли нобудиву инқироз ба Китоби Сурх шомил карда шудааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ