Подшоҳ ва маликаи Шветсия пас аз се ваксинагирӣ ҳам ба коронавирус гирифтор шуданд

Подшоҳи Шветсия Карл XVI Густав ва малика Силвия аз COVID-19 сироят ёфтаанд. Дар ин бора Reuters хабар додааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои манбаъ, ҳарду қаблан бо истифода аз се вояи ваксинаи коронавирус ваксинагирӣ гузашта будаанд.
«Подшоҳ ва малика, ки се маротиба пурра ваксина гирифтаанд, аломатҳои сабук доранд ва бо дарназардошти ҳолат худро хуб ҳис мекунанд»,- гуфта мешавад дар хабарнома.
Ҳамзамон, гӯшрас карда шудааст, ки подшоҳи 75-сола ва маликаи 78-сола ҳоло дар марҳилаи канорагирӣ қарор доранд ва мутахассисон шахсонеро, ки бо онҳо тамос гирифтаанд, муайян мекунанд.
Бино ба иттилои Reuters, дар Шветсия рӯзҳои охир шумораи рекордии мубталоён ба коронавируси COVID-19 — беш аз 11,5 ҳазор нафар ошкор шудааст. Чунин омор дар пасманзари паҳншавии штамми нави «Омикрон» ба миён омадааст.

Аз “омикрон” кӣ бештар зарар мебинад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *