Рӯзи ханда ва моҳи шустани гуноҳҳову парҳез аз дурӯғ
Имсол баъди Рӯзи ханда, ки онро бархе Рӯзи дурӯғ ҳам мегӯянд, моҳи муборак, моҳи шустани гуноҳҳо, моҳи парҳез, моҳи шарифи Рамазон санаи 2-юми апрел фаро мерасад.
Моҳи шарифи Рамазон барои мардуми мусалмон аслан чун давраи аслии дур шудан аз фисқу фуҷур, дурӯғгӯӣ, авомфиребӣ, канор рафтан аз доми тазвир шинохта шудааст. Чунин андеша ҳам роиҷ аст, ки агар касе дар тӯли 11 моҳи 1 сол даст ба амалҳои номатлуб зада ва зоти хокиеро ранҷуру озурда кардааст, чун дар ин моҳ парҳезкор мешаваду рӯза медорад ва намоз мехонаду аз ҷумлаи одоти касиф худдорӣ мекунад, гуноҳонаш бахшида мешаванд. Ҳатто бархе кӯшиш мекунанд, ки бо қарзу қавола ҳам бошад, дар хӯроки шом моҳӣ хӯранд ва дар ифтор низ моҳӣ ошоманд, то аз қатори гуноҳҳояшон қатрае сифр шавад. Кош чунин бошад! Кош бо моҳӣ хӯрдан дар як моҳ мо — мусалмонҳои ба ном мусалмон аз гуноҳу оризаҳо пок шавем!
Аммо, фазилати моҳи шарифи Рамазон набояд танҳо пок кардани гуноҳҳо бошад. Ин моҳи муборак бояд барои ҳар яки мо — бандаҳои хокӣ, ки яке бо гуноҳи андак ва дигаре бо ҷурми бештар ба хок меравем, омӯзанда ва омурзанда бошад. Ин моҳ бароямон бояд роҳнамое бошад, то таъсир расонад, ки ҳанӯз дар фикри парҳезкорӣ наафтода, парҳезкор бошем. Ин моҳи кабира бояд ба мо — одамсуратон панд диҳад, ки моҳи парҳезкорӣ набояд танҳо як моҳ бошад! Ҳамаи мо ҳар як моҳи ҳар як сол, яъне 12 моҳи солҳо бояд парҳезкор, одил, бовиҷдон, порсо бошем.
Чун дар бораи парҳезу парҳезкорӣ бо эҳтирос сухан дар миён овардем, зикри ин нукта ҷолиб аст, ки бояд пеш аз ҳама аз дурӯғу дашном худдорӣ намоем. Солҳо боз таваҷҷуҳи хоса медиҳам ва эҳсос мекунам, ки дар як моҳи шарифи Рамазон, аз рӯйи таассуб ҳам бошад, миёни ҷомеа як қаноти дашном шикаста мешавад. Ҳатто дағалтарин тоифа, бадгӯтарини бадбӯтарин алфоз кӯшиш мекунанд дар ин моҳ ҳадди ақал аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб ба даҳони бефаровезашон қулфи хомӯшӣ зананд. Яъне, кӯшиши парҳез аз бадгӯиву дашномҳоро доранд. Ҳатто мушоҳида мекунам, ки тоифаи дурӯғгӯтарин — савдогарон дар ин моҳи муборак андак-андак аз фиребу риё истиҳола доранд. Бояд чунин ҳам бошад, зеро, агар ҳаннотиро дар ин давра ҳам кам накунанд, дучори хашми харидорон, итобу дашному танзу кинояи “кушанда”-и онҳо мегарданд.
Барои ҳамин, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон танҳо як пешниҳоди кӯчак ба Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ дорам: дар баробари нашри тақвими ин моҳи муборак, ҳамзамон роҳнамои тавсиявие барои савдогарон таҳия карда шавад, то донанд, ки зарару хатари гарон фурӯхтани молу коло, сохтакориву қаллобӣ дар тарозу ва дурӯғу дашном то кадом андоза аст!
Боқӣ, дар моҳи шарифи Рамазон ва кулли моҳҳои дигари сол барои савдогарон инсофу имону виҷдон ва баҳри харидорон муносибату муоширати шоиставу инсонгароёна бо онҳоро таманно дорам!
Барои солҳои дигар бошад, зинда бошем, боз фикр мекунем…
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ