Раҳимзода: «80 хонавода аз Афғонистон мехоҳанд ба Тоҷикистон ворид шаванд»

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, 80 хонавода аз Афғонистон бо фарзандони худ «аз тарсу ваҳми қасди кушторашон» мехоҳанд, ба кишвар ворид шаванд. Вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, рӯзи 1-уми сентябр гуфт, онҳо дар «минтақаи дахлнопазир»-и сарҳад ҳастанд.

Пештар гузориш шуда буд, ки шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон аз тарси Толибон ба соҳили дарёи Ому паноҳ оварда, хостори ворид шудан ба Тоҷикистон мебошанд.

Дар хабари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта нашудааст, ки паноҳандагони афғон дар кадом минтақаи марзӣ қарор доранд. Аммо минтақаҳои «ҳоил» ё «дахлнопазир» асосан дар сарҳади вилояти Хатлони Тоҷикистон бо вилоятҳои Тахор, Кундуз ва Балхи Афғонистон ҷойгиранд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 1-уми сентябр дар мулоқот бо Мулугета Зевди, роҳбари намояндагии Комиссари олии Созмони Милал оид ба паноҳандагон (UNHCR) гуфтааст, кишвар «гурезаҳоро қабул ва сабтином мекунад ва аз ташхиси COVID-19 мегузаронад.»

Вай ҳамчунин афзудааст, «суҳбатҳои шахсӣ мегузаронем, шахсияти онҳоро муайян мекунем, то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд».

Оқои Раҳимзода таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир ҷониби Тоҷикистон бо ҳадафи бунёди урдугоҳ барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон, дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритус, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 гектар замин ҷудо кардааст.

Аммо ӯ гуфтааст, «дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилоти байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад.»

Ба иттилои вазири корҳои дохилӣ, дар рӯзҳои ба дасти Толибон афтодани қаламравҳои зиёде аз Афғонистон 5000 хидматчии ҳарбӣ ба тарафи Тоҷикистон ақибнишинӣ карда, «сипас бо роҳи осоишта ба ватан баргардонида шуданд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *