Рекорди нави Манижа Сангин: «Russian Women» зиёда аз 8 млн бозбинӣ шуд

Evrovision-2021 то ҳол дар  канали расмии «YouTube» — и  40 намоҳанги сарояндагон аз кишварҳои гуногунро ҷой додааст, дар ин миён Манижа Сангин тоҷикдухтар, ки аз номи Россия бо суруди «Russian Women» баромад мекунад 8 млн бинанда дорад ва дар ҷойи аввал меистад. 

Аз ин 8 млн тамошобин 241 ҳазор нафар видеоро писандиданд ва 154 ҳазор нафар бошад, суруди Манижаро написандиданд. Ва дар шарҳҳои зери видео мубоҳисаи шадид ҷараён гирифт, ки дар он аллакай, 146 ҳазор шарҳ мавҷуд аст. На ҳама аз сароянда хушҳоланд, аммо шунавандагони кишварҳои мухталиф қайд карданд, ки суруд ва овози Манижиро хеле писандиданд, ба ӯ аз Амрико, Исроил, Туркия, Полша ва дигар кишварҳо барори кор мехоҳанд.

Ҷойи дуюмро бошад ҳунарманд аз Сербия  бо суруди «LOCO LOCO» мегирад, ки ӯ 7,4 млн тамошобин дорад.  Суруди ӯро 112 ҳазор нафар писандидааст ва 16 ҳазор нафар маъқул накардааст, ки ин рақами калон нест. Ҳамчунин 28 ҳазор шарҳ гирифтааст, ки зиёди онҳо тарафдорӣ  аз овозхонро мекунанд.

Ҷи МА Касе бо суруди «Destiny, дар  ҷойи 3-юм қарор дорад. Овозхонон аз Малта буда, то ҳол суруди ӯро  3,8 млн нафар аз назар гузаронидааст. Ба  38 ҳазор нафар суруди ӯ писанд омадаасту ба 6,1 ҳазор нафар не. Ҳамчун дар зери ин суруд 7,6 ҳазор нафар шарҳ навиштаанд.

Манижа ҷои аввалро дар маъруфият дар байни номзадҳо нигоҳ медорад. Албатта, пеш аз озмун ҳанӯз вақти зиёде ҳаст ва омор метавонад тағйир ёбад, аммо аз ҷиҳати назар ба пешсафон расида гирифтан он қадар осон нахоҳад буд. Қисми боқимондаи сурудҳои маъруфро то имрӯз тақрибан 3 миллион тамошобин тамошо кардааст.

Аминҷон  Рахматзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *