Рустами Эмомали

Рустами Эмомалӣ дастур дод,ки лату кӯби Мадина аз нав тафтиш карда шавад

Раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба қазияи шиканҷаи Мадина вокуниш кардааст. Дар ин бора  сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода хабар додааст. Ёдрас мешавем, пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Зулфия Алимова, модари Мадина Мамадҷонова ба номи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон арз шуда буд, ки духтарашро Азиза Давлатова ном зани дигар шиканҷа намудааст. Тавре дафтари матбуоти Рустами Эмомалӣ менависад, «раиси шаҳри Душанбе муроҷиати модари ҷабрдидаро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод». «Бояд қайд намуд, ки қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст», — таъкид мекунад манбаъ. Ҳамин тавр, Раиси Маҷлиси миллӣ ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила дастур дода, зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шавад. «Тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст», — менависад манбаъ. Ба иттилои Зулфия Алимова, Азиза Давлатова дар пайи рашк, 25 август Мадина Мамадҷоноваро рабуда, лату кӯб ва буғӣ кардааст. Дар натиҷа, ӯ ду моҳ мешавад, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати вазнин ва беҳушӣ қарор дорад. Ин муроҷиати зан вокуниши васеи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар пай дошт. Онҳо аз мақомот, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ хоҳиш карданд, ки ба қазия дахолат кунад.

«Спутник»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *