Садама дар мастӣ: Оила зарар диду падар ба ҳалокат расид

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи санҷиш оид ба наворе, ки шоми санаи 7-уми декбар дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, хабар дод, ки ҳодисаи мазкур ҳамчун садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби гуруҳи оперативӣ-тафтишотии милитсияи пойтахт мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Тавре муайян гардидааст, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-200», аломати қайди давлатиаш 1414НН07, Гафаров Нуралӣ Ҳусайнович, санаи таваллудаш 16.07.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Роҳи нав дар ҳолати сархушии баланд қарор дошта, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсӣ, аз самти кӯчаи Қосимова ба самти кӯчаи Борбад бо сабаби баланд будани суръати автомашина аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, нахуст бо қисмати қафои автомашина ба деворчаи бетонии байни роҳ бархӯрда, сипас 4 нафар пиёдагардонро пахш намудааст.

Дар натиҷаи садама ҳамаи 4 нафар пиёдагардон — сокинони пойтахт, ки аъзои як оила (марди 39 бо ҳамсари 33-солааш ва 2 нафар фарзандони хурдсоли 8 ва 3-сола) будаанд, ҷароҳатҳои гуногун дар намуди шикасти устухони қисмҳои гуногуни бадан гирифта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд. Аммо, мутаассифона, санаи 8-уми декбар бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш яке аз онҳо — падари хонадон — марди 39-сола Абдухолиқов Ҷамшед Файзалиевич дар беморхона ба ҳалокат расид.

Ронанда Гафаров Нуралӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши садама идома дорад.

Тавре аз омори расмӣ бармеояд, давоми 11 моҳи соли равон 4 садама бо айби ронандагони дар ҳолати мастӣ қарордошта рух додааст, ки дар натиҷа 7 нафар ҳалок гашта, 8 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин давра аз ҷониби нозирони роҳи шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 358 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандагон дар ҳудуди пойтахт ошкору ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз, ё ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18 000 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъйин карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *