Садамаи нақлиётӣ: Автобус ба 7 мошини сабукрав бархӯрд (аудио)

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз як садамаи нақлиётии нодир хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 2-юми апрели соли 2022) тақрибан соати 13-35 дақиқа ронандаи автомашинаи мусофиркашони ККВД «Автобус-1» хатсайри 33, рақамҳои қайди давлатиаш 5787ТТ05, шаҳрванд Назаров Назар Нуралиевич, санаи таваллудаш 01.01.1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаҳои дар канори роҳ таваққуфбуда бархӯрдааст, ки дар натиҷа 7 адад авомашинаи сабукрав ва худи автобуси мазкур зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.

— Хушбахтона, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ягон нафар осеб ва ё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ набардоштааст. Санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор дошта, сабабу омилҳои он муайян карда мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *