Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз вазифа озод карда шудааст

Ашӯралӣ Олимӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз вазифааш озод карда шудааст. Як манбаъ аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки ба ин мақом Ғазалшо Сафарзода таъин шудааст.

Ин хабарро ду мудири шуъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки чанде пас маросими муаррифии роҳбари нав оғоз мешавад. “Моро ба Раёсат даъват кардаанд”,- гуфтанд онҳо.

Ғазалшо Сафарзода то таъин шудан ба вазифаи сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон роҳбари дастгоҳи раиси ин вилоят буд.

Як замон номи Ашӯралӣ Олимӣ, ҳамакнун сардори собиқи Раёсати маориф дар вилояти Хатлон дар пайванд ба муҳоҷиршавии омӯзгорон сархати расонаҳо шуда буд. Ӯ ахиран дар нишасти матбуотии хеш гуфта буд, ки аз вилояти Хатлон зиёда аз 2 ҳазор омӯзгор тарки соҳа карда, муҳоҷир шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Имомзода Муҳаммадюсуф, вазири акнун собиқи маориф ва илми кишвар аз додани омори мушаххас дар мавриди муҳоҷиршавии омӯзгорон худдорӣ карда буд.

Дар сомонаи хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гуфта шудааст, ки “дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони як қатор раёсатҳои Хадамоти гумрук дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои маорифу тандурустии виояти Хатлон иваз карда шуданд”.

Барои мо ҳанӯз маълум нест, ки Раҷабзода Мирзоалӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз вазифа озод шудааст ё не.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *