Шаҳритус: Беш аз 10 миллион сомонӣ қарз аз барқ
Қарзи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус аз ҳаққи истифодаи барқ беш аз 10 миллиону 360 ҳазор сомонӣ будааст. Бо вуҷуди ин, наздики 126 ҳазор сомонӣ андоз низ пардохт нашудааст.
Абдулло Маҳмудов, муовини сардори ниҳоди болозикр ба Pressa.tj гуфт, ки «қарзи мо аз ҳаққи истифодаи барқ аз солҳои пеш аст». Ӯ мегӯяд, ки «дар соли 2021-ум беш аз 8 миллиону 968 ҳазор сомонӣ ҳаққи истифодаи барқро пардохт кардаем. Вале имкони пардохти якбораи онро надорем». Ба таъкиди ӯ, пойгоҳҳои обкашӣ бо истифода аз барқ фаъолият мекунанд. “Яъне обро бо барқ ба ҷойи лозима мебарем”,- гуфт ӯ ва илова кард, ки аз ҳамин ҳисоб истифода аз барқ андак зиёд мешавад.
Мавсуф гуфт, ки “қарзи андоз аз як миллион бештар буд, оҳиста-оҳиста пардохт кардем. 125 ҳазору 361 сомонии дигар мондааст. Онро низ дар муҳлати кӯтоҳ пардохт мекунем”.
Абдулло Маҳмудов мегӯяд, ки мушкили асосии сари вақт пардохт нашудани пули барқ ва андоз — ин зиёд шудани қарзи истифодабарандагони об мебошад. Ба гуфтаи вай, ин қарз то имрӯз ба зиёда аз 10 миллиону 339 ҳазор сомонӣ баробар аст.
— Мо маҷбур шудем аз болои ассотсиатсияҳо ба суд муроҷиат кунем. Аз болои се ассотсиатсия ба суди иқтисодӣ даъво кардаем. Ҳукми суд ба фоидаи мо ҳал шуд. Вале то ҳол қарзро барнагардондаанд. Аз қарздории се ассотсиатсияи дигар ба прокуратура муроҷиат кардем. Рӯзҳои оянда парванда ба суди иқтисодӣ меравад. Агар ҳаққи истифодаи обро саривақт пардохт кунанд, мо аз барқ ва нозироти андоз қарздор намешавем,- афзуд ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ