Тӯҳфа ва мансабдор
Мансабдоре, ки аз гирифтани тӯҳфаҳои гаронарзиш худдорӣ мекунад, аллакай болои фаъолияти шаффофу ҳалолу самимонааш як холи дигар зам кардааст.
Файласуфи оламшумул Плутарх беҳуда нагуфтааст, ки “одами тӯҳфаи гаронбаҳоро напазируфта бойтар аз нафари тӯҳфакарда аст”. Аммо оё ҳамаи мо ба дарки ин маънӣ меравем? Оё чашми ҳама мансабдорони мо ба он андоза сер аст, ки аз равшании ҷавоҳироти рахшанда хира нашавад? Магар дар ҷомеаи мо тамаъкорӣ танҳо афсона аст? Фикр мекунам, не. Дур намеравем. Соле қабл, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон Саид дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар як сол аз ҷониби мансабдорон 32 ҷинояти гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ба қайд гирифта шудааст.
Вақте аввалин бор ин хабарро хондам, манзараи хандаовар, аммо ҳузнангезе пеши назарам омад. Мансабдори ишкамкалоне шабеҳи қаҳрамонҳои ҳаҷвии рассоми маҷаллаи “Хорпуштак” Назарзода Насиба болои алвонҷкурсӣ чарх задаву доллар ҳисоб мекард. Чеҳраи чанд мансабдорро хаёлан бо ӯ қиёс ҳам кардам. Хеле чеҳраҳо ба суроби мансабдори ишкамкалон монанд буданд. Танзу кинояҳои мардум ҳам пешорӯям мунъакис гардиданд, ки “ана, фалонӣ раисро бинед, мехӯрад, ба серӣ мехӯрад ва барои ҳамин, шикамаш рӯз ба рӯз дарида рафта истодааст. Шояд занаш дар қавиҷуссагӣ ду баробари худаш бошад”.
Дар ҳамин росто, раиси собиқи як вақтҳо машҳури ноҳияи Шаҳритус Холмурод Раҳмонов ба ёдам расид. Солҳои раисиаш касе аз ӯ шикоят надошт. Аъмоли баднафсонаву тамаъкорӣ ба ӯ намечаспид. Ҳатто мардум шӯхӣ мекарданд, ки “раис дар даводави рӯзгор ва ба умеди хизмати софдилона хобу хӯрро гум кардаву пӯсту устухон шудааст”.
Аз ин ду эпизод чиро метавон хулоса кард? Магар на инро, ки ишкамбаи ғафс маънои сер будани одамро надорад?
Аслан, қонунгузориҳои ҳама давлатҳо қариб ба як мазмун шарту шароиту тартиби тӯҳфа додан ба мансабдорҳоро муқаррар кардаанд. Яъне, мансабдор бояд тӯҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифташударо ҳамчун молу мулки давлатӣ бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армуғон ва тӯҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо гарон нест.
Ба ҳамин хотир, ба мансабдорони азиз маслиҳати дӯстона: агар зиёд ниёзманд бошеду дилатон барои гирифтани тӯҳфа қиҷ-қиҷ кунад, хоксоронаашро бигиред. Агар медонед, ки нафаре ба хотири манфиате тӯҳфа доданист, онро рад кунед. Беҳтараш, дар ин сурат, кори он нафарро ройгон буд карда, шармандааш созед. Хоҳиш, коре карда, ақидаи нависандаи лаҳистонӣ Богдан Бжезинский — “тӯҳфаро касе мегирад, ки метавонад чизе бидиҳад”-ро ботил созед!
Боз як маслиҳати беғаразона: агар тӯҳфаи ба шумо пешниҳодшуда воқеан берун аз манфиат ва бузург бошад, онро бо ниёзмандон қисмат кунед. Ба ҳамин мазмун дар куҷое хонда будам, ки боре ба як сенатор кулчаи андозааш 2 ба 2 метр тӯҳфа мекунанд. Ӯ кулчаро порча-порча ба хоҳишмандон тақсим мекунад. Мисли даврони кӯдакии мо. Вақте дар мактаб мехондему Бобои Барфӣ тӯҳфа медод, агар он масалан шоколади ду ё сеқабата мебуд, бо нафарони тӯҳфа нагирифта бо ҳам медидем.
Барои ҳамин, умедворем, ки дар соли 2022 шумо ба ин масъала сидқан ва аз рӯйи инсоф рӯй меоред!
Соли нав муборак бошад!
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ