Тоқаев Алихон Смаиловро сарвазири Қазоқистон таъин кард (аудио)

Имрӯз, 11-уми январ президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев бо судури як фармон Алихон Смаиловро ба мақоми нахуствазири ҷумҳурӣ таъин кард.

Бино ба иттилои “Комсомолская правда”, қаблан сарвари давлат номзадии собиқ муовини аввали нахуствазирро ба мақоми нахуствазир пешниҳод карда буд. Вакилони палатаи поёнии парлумони Қазоқистон ин номзадиро тасдиқ намуданд.

Смайлов тӯли солҳои гуногун дар дастгоҳи президент ва Вазорати корҳои хориҷӣ кор карда, вазири молия, ёвари раҳбари давлат, инчунин роҳбари «Казагро» ва Агентии омор низ буд. Ӯ аз соли 2019 муовини аввали нахуствазири Қазоқистон таъин шуд.

Тибқи Қонуни асосии Қазоқистон, президент пас аз машварат бо фраксияҳои аҳзоби сиёсӣ номзадии нахуствазири кишварро барои баррасӣ ба маҷлис пешниҳод мекунад. Барои таъин кардани сардори ҳукумат розигии палатаи поёнии парлумон лозим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *