Тоқаев аз барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар Қазоқистон хабар дод (аудио)

Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар бораи барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар кишвараш хабар дода, қайд кард, ки амалиёти густурдаи зиддитеррористӣ дар ояндаи наздик ба анҷом мерасад.

Ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) рӯзи 10-уми январ гуфт: «Айни замон дар Қазоқистон сохти конститутсионӣ барқарор гардида, аз таҳдидҳои хатарнок ба амнияти кишвар ҷилавгирӣ карда шуд».

Дар ҳамин ҳол, Тоқаев ёдовар шуд, ки амалиёти зиддитеррористӣ дар ҷумҳурӣ то ҳол идома дорад, аммо тавре сомонаи kp.ru навиштааст, вай гуфтааст, ки амалиёти зиддитеррористӣ дар ояндаи наздик ба анҷом мерасад ва рисолати Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ анҷом хоҳад ёфт.

Президенти Қазоқистон инчунин изҳор доштааст, ки ин кишвар дар тӯли таърихи истиқлолияташ буҳрони шадидтаринро аз сар гузаронидааст. Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи кӯшиши табаддулот меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *