Ваксинаи «AstraZeneca»-ро дуздида “Cпутник V» ном карданд?

Як ҷосуси рус аз шоркали AstraZeneca маълумот дар бораи истеҳсоли ваксинаро дуздидааст ва он дар сохтани ваксинаи русии «Cпутник V» зидди коронавирус истифода шудааст.

Намояндаи сарвазири Бритониё дар як нишаст, ба суол дар бораи дуздида шудани формулаи ваксинаи сохтаи ширкати «AstraZeneca» зидди коронавирус аз сӯи хадамоти махсуси Русия посух гуфт. Ӯ гуфт, ки наметавонад хабари марбут ба кори хадамоти махсусро шарҳ диҳад ва зидди Русия низ айб эълом накардааст. Бино ба навиштаи нашрияи The Sun ва як қатор расонаҳои маҳаллии дигар, хадамоти махсуси Бритониё ҳукумати он кишварро огаҳ кардааст, ки соли гузашта як ҷосуси рус аз шоркали AstraZeneca маълумот дар бораи истеҳсоли ваксинаро дуздидааст ва он дар сохтани ваксинаи русии «Cпутник V» зидди коронавирус истифода шудааст. Усули таъсири ҳар ду ваксина — «Cпутник V»-и русӣ ва «AstraZeneca»-и бритониёӣ ба ҳам монанд аст. «Cпутник V» моҳи августи соли гузашта дар Русия ва «AstraZeneca» моҳи декабри 2020 дар Бритониё сабти ном шудаанд. Коркарди ин ваксинаҳо моҳи марти соли гузашта, баъди оғози пандемияи коронавирус шуруъ шуда буд. Дар Бунёди сармоягузории бевоситаи Русия гуфтанд, хабари дуздида шудани маълумот дар бораи ваксинаи бритониёӣ аз сӯи ҷосуси ин кишвар асос надорад ва он бо истинод ба манобеи беном нашр шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *