Як нафар захмии сӯхтори Қубодиён фавтидааст (аудио)
Аз захмишудаҳои сӯхтори дирӯза дар ноҳияи Қубодиён як нафар фавтидааст. Холмурод Ойматов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён дар як тамоси телефонӣ ба Pressa.tj гуфт, ки нафари фавтида Холёр Нурматов, сокини деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Эшмурод Ниёзов мебошад.
Ӯ мегӯяд, аз 14 нафаре, ки дар натиҷаи сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён зарар дида буданд, ҳашт нафар рухсат шуда, шаш нафари дигар дар беморхона бистари буданд. Мутаассифона, имрӯз як нафараш фавтид. Ӯ дар Маҷмааи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон бистарӣ буд. Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, бадани ӯ қариб сад дар сад сӯхта буд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ