Ёдгор Файзов: Нишондиҳандаи асосӣ бозор аст, на омор

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфтааст,ки дар шароити имрӯза индикатори асосӣ бозор аст,на омор. Бозор дурустӣ ё дурӯғ будани омору ҳисоботи пешниҳодкардаро нишон медиҳад.

Ёдгор Файзов дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ин нуктаро таъкид намуд.
«Дар ҳоле ки аз рӯи маълумоти оморӣ истеҳсоли ин ё он намуди маҳсулот даҳчанд зиёд аст, вале дар бозор аз он маҳсулот ному нишон нест, ин маънои онро дорад, ки омор дақиқ нест, ё изофанависӣ вуҷуд дорад», — изҳор дошт Файзов дар нишасти матбуотӣ.
Раиси ВМКБ зикр намуд, ки соли 2018 истеҳсоли картошка дар вилоят 52 ҳазор тонна буд, ва ӯ ба ин омор шубҳа карду асоснокии онро зери суол бурд.

«Дар шароити онвақта ва имрӯз ҳам истеҳсоли чунин миқдор картошка дар вилоят ғайриимкон аст. Соли гузашта дар вилоят 24 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд ва ин ҳам дақиқ нест. Нақша бояд воқеӣ бошад», — таъкид намуд раиси ВМКБ.
Файзов шарҳ дод, ки дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, вақте замин пурра дар дасти мардум аст, ҳисобу китоби дақиқро интизор шудан мушкил аст.
Нишондиҳандаи асосӣ дар шароити ҳозир бозор арзёбӣ шуд, ки дурустии ин ё он оморро нишон медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *